Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таърихи сафари мазкурро худи шоир чунин баён кардааст:
Шавқро аз азимати Лоҳур
Тозагиҳои муждаи шодист,
Яъне аз домгоҳи афсурдан
Чанд гомам навиди озодист.
Соли таърихи ин азиматшавқ
Бетакалуф шунав «худо ҳодист».
(1085) Чунон ки гуфтем, Бедил аз ин сафар дар «Чорунсур» низ ёд крадааст. Ӯ навиштааст:
«Вақате ғубори қофилаи таҷаррудам аз саёҳати арсаи Деҳлӣ ба сайри Панҷоб домани аҷз шикаст ва даройи маҳмили хаёл ба пешоҳангии сафари Лоҳур камари шавқ барбаст. Гарди танҳоӣ лашкаре буд ҳазор олами фатҳ дар рикоби шикастаболӣ ва ранги бекасӣ оламе дошт чандин баҳори ҷамъият дар ғубори ошуфтаҳолӣ. Иқболи бесарупоӣ кулоҳи саргаштагӣ аз ҷанибаткашони фалаки даввор мерабуд ва шукӯҳи урёнитанӣ муқобили найзадорони хуршед оинаи арзи иқтидор мезудуд. Ба оини маҷозиб сангу хишти пеши по афтодаро таълими гилбозии парвоз мекардам ва хоку гили ба роҳ нишастаро паркушои саъйи ҳаво бармеовардам. Ҳар куҷо аз по менишастам, осудагӣ чун нақши қадам бисоти офият мепардохт ва ҳар гоҳ ба роҳ мефитодам, ворастагӣ чун насим пеш-пеш метохт. Бо ҳама қатъи асбоби таъаллуқ дар наёми беистеъдодӣ қаламтароше доштам, чун табиати кавдан дами тезӣ рехта ва чун оби баҷоистода бо зангорҳои нософӣ омехта» (КБ, ҷ. 4, Чорунсур, с. 277).
Иддаае аз муҳаққиқон, аз ҷумла устод Айнӣ, Абдулғанӣ ва Асадуллоҳ Ҳабиб, қитъаи таърихи дар боло зикршударо таърихи сафаре медонанд, ки порае аз сурати онро аз «Чорунсур» нақл намудем. Аммо Холмуҳаммади Хаста дар ақидаест, ки ин сафар, яъне сафари дар «Чорунсур» зикршуда, пеш аз соли 1085, дар замони ворастагӣ ва маҷзубии шоир, дар байни солҳои 1076-79 (1665-1669) ба вуқӯъ пайвастааст. Яъне сафари соли 1085 дигар асту сафари дар «Чорунсур» ёд шуда дигар (Ниг.: Жувандун, 1342, №10).
Ба фикри мо, дар ин маврид ҳақ ба ҷаниби устод Айнӣ, Абдулғанӣ ва Асдуллоҳ Ҳабиб аст. Таърихи мазкур (Шавқро аз азамати Лоҳур…) таърихи ҳамон сафарест, ки аз Деҳлӣ ба Лоҳур сурат гирифтааст ва дар «Чорунсур» аз он ёд шудааст.
Тавре ки дида шуд, дар вақти сафари Лоҳур Бедил як вазъи дарвешона ва маҷзубонае доштааст. Ба эътибори ҳамин ҳолат ва вазъияти шоир гурӯҳе аз муҳаққиқон дар ақидае ҳастанд, ки дар ин айём, яъне дар соли 1085, шоир аз хидмати Аъзамшоҳ фориғ шуда буд.
Чунончи, устод Айнӣ навиштааст: «Аз Деҳлӣ то Лоҳур, ки савора аз як моҳ зиёдтар роҳ рафтан даркор аст, пиёда ва яккаву танҳо сайр кардан ғайр аз тақлиди маҷзубон ва ҳаракати маҷзубона дигар кор шуда наметавонист» (С. Айнӣ асари зикршуда, с. 37).
Устод Айнӣ ба сини 30-солагии Бедил рост омадани сафари мазкурро зикр намуда, илова кардааст, ки «агар ӯ дар 30-солагӣ ҳам навкар мебуд, аз Деҳлӣ ба Лоҳур ба тарзи маҷзубон сарупобараҳна ва пиёда сафар намекард» (С. Айнӣ, ҳамон ҷо, саҳ. 39.) Асадуллоҳ Ҳабиб овардааст: Бедил «дар соли 1085 ҳиҷрии қамарӣ сафари маҷзубонае аз Деҳлӣ ба Лоҳур кардааст, ки он вақт, бидуни тардид, дар хизмати шоҳзода (Аъзамшоҳ Б.Р.) набудааст» (А. Ҳабиб, рисолаи зикршуда, с. 15).
Вале чанд мактуби яке аз дӯстони Бедил Эзидбахши Расо (вафоташ-1119, 1707-1708) шаҳодат медиҳанд, ки шоир маҳз дар ҳамин сол-соли 1085 ва маҳз дар Лоҳур ба хидмати бевоситаи ҳарбӣ пайвастааст. Яъне ӯ дар ҳамин сол хидмати орому осудаи доруғагии кӯфтагархонаро бо кори пурошӯби сипоҳигарӣ табдил додааст. Эзидбахши Расо дар яке аз номаҳояш навиштааст, ки Бедил дар моҳи рабиъулввали соли 1086 (июни 1675) дар лашкари Аъзамшоҳ буд (Ниг.: Нурулҳасани Ансорӣ. Баҳсе дар аҳвол ва осори Бедил. Кобул, 1363, с.

пешина
аз 250
навбатӣ