ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
б).
Бино бар номаи дигари Эзидбахши Расо, «замоне ки Бедилу Эзидбахши Расо ва Мирзо Муҳаммад Иброҳиму Хоҷа Ҳабибуллоҳ ном сипоҳиён дар як сарой бо ҳам зиндагӣ мекарданд, рӯзе як идда сарбозони мусаллаҳ бо ҳамдигар шурӯъ ба ситеза карданд. Бедилу Расо ва ду нафари мазкур ба саҳнаи воқеъа шитофтанд ва Расо дар паҳлӯи худ аз тире ҷароҳат бардошт» (Абдулғанӣ, асари мазкур, с. 133).
Агарчи дар номаи Расо сол ва маҳалли ин воқеъа зикр нашудааст, Абдулғанӣ дар асоси номаҳои дигари Расо ва тазкираи Соқӣ Мустаъидхон «Маосири Оламгирӣ» исбот намудааст, ки ин воқеъа дар ҳафтуми сафари соли 1086 (май 1675) дар Ҳасанабдол рух додаст.
Аз ин рӯ, ба ақидаи мо, сафари Бедил аз Деҳлӣ ба Лоҳур дар кадом ҳолат ва вазъияте, ки ба амал омада бошад, ба мақсади ба лашкари Аъзамшоҳ пайвастан сурат гирифтааст. Сабаби ба оини дарвешон пиёда ва сарупобарҳна сафар кардани Бедил, шояд, ба хотири амнияти хеш дар ин роҳи дуру дароз бошад. Зеро дар сурати савора ва ба таври муқарарӣ ба роҳ баромадан хавфи ба ҳамлаи роҳзанону ғоратгарон дучор шудан вуҷуд дошт. Гузашта аз ин, шоир ҳангоми сафари Лоҳур ҳанӯз сипоҳӣ нашуд буд. Ӯ ба ин кор, чунон ки гуфтем, баъди ба Лоҳур расидан шурӯъ намуд.
Ва ниҳоят, ин мазмун низ ногуфта намонад, ки дар назари Бедил сипоҳигарӣ ҳам як навъи девонагӣ ва маҷзӯбӣ ба шумор мерафт. Ӯ дар «Чорунсур» ҷое, ки сабабҳои ба ин шуғл рӯ овардани худро зикр менамуд, аз ҷумла чунин мегӯяд:
Ба рафъи чашмзахми халқ гумномӣ фусун дорад, Бурун тоз аз дари шӯҳрат, ки шӯҳрат бӯи хун дорад.
Саломатпешаро набвад беҳ аз девонагӣ касбе, ҷунун кун ё сипоҳӣ шав, сипоҳӣ ҳам ҷунун дорад.
(КБ ҷ. 4, Чорунсур, с. 7 166).
Эзидбахши Расо дар дигар номаҳои худ низ ба муносибати Бедил ва Аъзамшоҳ ишораҳо кардааст. Чуночи, дар номае, ки ба Аъзамшоҳ ирсол шудааст, навиштааст: «Иншооллоҳ Мирзо Абдулқодири Бедил, ки саропо дил аст, анқариб мулозимати саъодат меандӯзад»
(Абдулғанӣ, асари зикршуда, с. 133).
Эзидбахши Расо дар номаи дигар, ки низ ба Аъзамшоҳ равон шудааст, овардааст: «Бедили ҳамадилро дидам ва аз дилниҳодаш пурсидам. Охири рамазон ё дар авали шаввол он ҷо мерасад» (ҳамон ҷо, саҳ. 133).
Чун Эзидбахши Расо аз дилниҳоди Бедил ба Аъзамшоҳ хабар медиҳад, гумон меравад, ки Аъзамшоҳ дар Лоҳур мунтазири Бедил будааст. Бад-ин ваҷҳ аз эҳтимол дур нест, ки сафари Бедил ба Лоҳур ба даъвати Аъзамшоҳ сурат гирифта бошад.
Тавре ки гуфтем, ба қавли Эзидбахши Расо, Бедил дар моҳҳои сафар ва рабиъулаввали соли 1086 (май-июни 1675) дар Ҳасанабдол ҳамроҳи лашкариёни Аъзамшоҳ буд. Ва дар номаи охируззикр Эзидбахши Расо навиштааст, ки Бедил дар моҳи рамазон ё авали шаввол ба хидмат хоҳад расид. Бедил агар тибқи гуфтаи худ амал карда бошад, пас сафари ӯ аз Деҳлӣ ба Лоҳур дар моҳҳои рамазон ва шавволи соли 1085 (декабри 1674-январи 1675) ба амал омадааст. Яъне иқомати шоир дар Панҷоб (Лоҳур ва Ҳасанабдол) аз рамазони соли 1085 (декабри соли 1674) то рабуъулаввали 1086 (июни 1675) идома ёфтааст.
Пас аз Лоҳур ва Ҳасанабдол Бедил, зоҳиран, ба Аҳмадободи Гуҷарот рафт. Дар Гуҷарот машғули хидмат будани ӯро Хушгӯ борҳо таъкид намудааст. Чунончи, ӯ дар зикри аҳволи шоире бо номи Мир Муҳаммазамони Росих (вафоташ 1107(1695-96) навиштааст: «Мир Муҳаммадзамони росихтахуллус писари Мир Имод аст. Ба мулозимати подшоҳзодаи анҷумсипоҳи олиҷоҳ Муҳаммад Аъзамшоҳ фоиз шуда, ба мансаби шоиста сарфарозӣ ёфт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё