Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо ҳазрати Мирзо Бедил хеле марбут буда. Мир ва Мирзо (яъне Мир Муҳаммадзамони Росих ва Мирзо Бедил-Б.Р.), ҳоҷӣ Аслами Солим, ҳаким Ҳусайни Шӯҳрат дар Гуҷарот ба лашкари шоҳӣ бо ҳам ҳамтарҳ буданд. (Сафинаи Хушгӯ, с. 8).
Хушгӯ дар ҷои дигар, дар зимни шарҳи аҳволи Мир Муҳаммадаҳсани Эҷод овардааст: «Аз авлоди шоҳ Саиднуриддин Мубораки Ғазнавист… Баъди таҳсили мутадовилот чанде ба рафоқати Навозишхони Толеъ ба сар бурда, ба Гуҷарот рафт ва дар лашкари подшоҳзодаи олиҷоҳ Муҳаммад Аъзамшоҳ монд. Дар он ҷо бо ҳазрати Мирзо Бедилу ҳоҷӣ Аслами Солим ва шоҳ Гулшан сӯҳбатҳои муставфӣ дошта» (Сафина, с. 97).
Алҳол ба таври қатъӣ гуфта наметавонем, ки Бедил кай ба Гуҷарот рафт ва то кадом сол дар он ҷо хидмат намуд. Вале дар соли 1090 (1679-80) мо ӯро дар Деҳлӣ мебинем. Ин амр аз ёддошти худи ӯ дар «Чорунсур» ба исбот мерасад. Бедил ҷое, ки аз Атуп Чатр ном рассом ва ҳодисаи сурати шоирро кашидани вай нақл менамояд, тазаккур медиҳад, ки сурати мазкурро ба муддати даҳ сол бо худ нигоҳ медошт ва дар соли 1100 (1688-89) бо сабабе онро мавҳ намуд (Ниг.: КБ. ҷ. 4. Чорунсур, с. 282-85).
Дар сурати баъд аз даҳ сол маҳв сохтани сурат, воқеъаи тасвири Бедилро кашидани Атуп Чатр ба соли 1090 (1679-89) рост меояд. Бино бар шаҳодати муаллифи рисолаи «Адаби форсӣ дар аҳдаи Аврангзеб» (Деҳлӣ, 1969. с. 12) Нурулҳасани Ансорӣ, Атуп Чатр расоми дарбори шоҳӣ буд. Аз ин рӯ дар Деҳлӣ иқомат доштани вай аз эҳтимол дур намебошад. Яъне ҳодисаи тасвири Бедилро кашидани Атуп Чатр дар соли 1090 (1679-80) дар Деҳлӣ рух додааст.
Аз ишораи дигари Бедил, ки низ дар «Чорунсур» сабт аст, тахмин намудан мумкин аст, ки ӯ дар солҳои 1091-93 (1680-1682) низ дар Деҳлӣ мезистааст. Ӯ навиштааст, ки дар айёми ворастагӣ ва парешонии хеш дар маҳаллае аз маҳаллоти Деҳлӣ иқомат мекард. Аҳли ин маҳалла аз зиёдии гунҷишкони он ҷой дар азоб буданд. Рӯзе онҳо аз Бедил хоҳиш намудаанд, ки илоҷе созад, то мардум аз шарри гунҷишкон халос шаванд. Бедил тибқи хоҳиши онҳо амал намуда, гунҷишкеро бо камонғӯлак зада ғалтондааст. Бино бар қавли шоир, баъди ин кор дар он маҳалла нишоне аз гунҷишкон намондааст. Шоир пас аз понздаҳ соли ин воқеъа ду бори дигар аз он маҳалла гузар кардааст. Сокинони он ҷой арз намудаанд, ки аз ҳамон сол то бар ин дам гунҷишкеро дар он ҷойҳо надидаанд.
Тавре ки аз «Чорунсур» бар меояд, замони ворастагӣ ва парешонии Бедил аз соли 1076 (1665-66) то соли 1079 (1668-69) давом кардааст. Ӯ дар соли 1076 бори аввал ба Деҳлӣ омада, қабл аз ҳама, бо дарвешон ва маҷзубони он шаҳр, аз ҷумлаи бо Шоҳкобулии маҷзуб, ошно шуда, то соли 1079, яъне то замони хонадоршавии хеш ба оини дарвешон ва маҷзубон зиндагӣ кард. Вай дар ин муддат на фақат дар Деҳлӣ, балки дар дигар минтақаҳои Ҳиндустони шимолӣ-Акбаробод, Матҳро, Акбарпурра ва ғайра низ умр гузаронид. Ба таъбири дигар гӯем, иқомати аввалини Бедил дар маҳаллаи зикршудаи Деҳлӣ байни солҳои 1076-1079 ба вуқӯъ пайвастааст. Шоир агар пас аз понздаҳ соли иқомати аввалинаш аз он маҳалла гузар карда бошад, пас ин ҳодиса дар байни солҳои 1091-1094 (1680-1683) рух додаст. Бад ин тариқ дар Деҳлӣ будани Бедил дар ин солҳо низ, гӯё, ба исбот мерасад.

пешина
аз 250
навбатӣ