ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ва ниҳоят, аз соли 1094 (1683) то соли 1096 (1685) дар Матҳро зистан ва дар он ҷо машғули хидмати ҳарбӣ будани Бедил ҳам аз «Чорунсур» ва ҳам аз «Руқаъот»-и ӯ ба хубӣ маълум аст. Чунончи, ӯ дар «Чорунсур» аз ошӯбҳои халқӣ, ки дар минтақаи Деҳлӣ ва Акбаробод, аз ҷумла дар Матҳро, ба амал омада буданд, ёдовар шуда шоҳиди бевоситаи он ошӯбҳо будани худро низ гӯшрас намудааст. Қобили қайд аст, ки шоир дар ин воқеъот танҳо набудааст, балки чанд нафар аз тобеъонаш низ ҳамроҳи ӯ буданд. Ӯ навиштааст: «Аёме ки подшоҳи Оламгир ба хаёли тасхири Дакан пардохта буд ва барқи бекасӣ бар саводи мамолики Ҳинд (Ҳиндустони шимолӣ дар назар аст-Б.Р.) тохта, руъаёи навоҳи Деҳлӣ ва Акбаробод аз сустиҳои амали ҳукком силсилаи инқиёд гусехта буданд ва ба даъвии тасаллут ва ҳукумат тӯфони иттифоқ ангехта. Аксаре парганоти ҳаволии Матҳро ба забти таъаддӣ доштанд ва ба тохту тороҷи шавореъ амали худсарию бебокӣ меафроштанд… Муддатҳо ағниёи маъмураи Матҳро ба эътимоди истеъдоди тиру туфанг сари роҳи маҳаллот баста буданд ва фуқаро ба таваккули сози бедирамӣ, чун рахти хонаи оина, беруни дар нишаста.
Аз он ҷумла фақир Бедилро ташвиши табойеъи бедаступое чанд, ки ба ҳукми иттифоқ бори таъаллуқашон бар дӯши хаёл афтода буд, ҳар соъат ғубори дигар аз бунёди ҳол бармеангехт ва кашокашҳои тараддуди аҳволашон ҳар нафас риштаворе аз сози ҷамъият мегусехт» (КБ. ҷ.
4. Чорунсур, с. 122-324).
Тавре ки аз давоми навиштаҳои Бедил бармеояд, ӯ ба муддати ду сол шоҳиди ошӯбҳои мазкур шуда, оқибат дар соли 1096 (1685) рӯ ба ҷониби Деҳлӣ меорад. Ӯ менависад: «Пас аз ду соли таҳаммули азоб, ки ҳар рӯзаш ба ҳазор субҳи қиёмат муҳосабаи таъаб дошту ҳар шабаш чандин торикии шоми лаҳад дар назар меанбошт, дар санаи 1096 ҷунуни яъс дуди ин андеша аз қонуни хаёл ангехт ва ғайрати нокомӣ шароби ин савдо дар соғари димоғ рехт, ки бо ҳар бетадбирии мизоҷи офиятэҳтиёӣ роҳи саводи Деҳлӣ сар кардан аст ва табиъати аз зиндагӣ серомадаро аз махмасаи офати ин мақом бадар бурдан» (Ҳамон ҷо с. 325).
Аз суханони минбаъдаи шоир равшан мегардад, ки ӯ на фақат шоҳиди ошӯбҳои мазкур будааст, инчунин дар набардҳои байни мардум ва лашкари шоҳӣ иштирок ҳам доштааст. Ба таъбири дигар гӯем мулозимат дар лашкари Аъзамшоҳ дар ин солҳо (солҳои 1094-1096) низ идома доштааст. Шоир баъд аз изҳори тасмими мазкур, яъне азми рӯ ба Деҳлӣ овардани худ, ба муқобилияти сахти ҳамроҳонаш дучор гардида, аксуламали онҳоро нисбат ба тасмими хеш чунин ба қалам додааст: «Қудратоҳангоне, ки иститоъати ҳазор ранг мувоъанат доштанд, дар ин маслиҳат ҷуз манъ мадад намефармуданд ва ошноравишоне, ки ба чандин тариқ оғӯши шавқат мепардохтанд, дар ин ҳолат ғайр аз дари бегонагӣ намекушуданд.
Охири кор беасариҳои қабули насоеҳашон моддаи озурдагӣ ба ҷӯш овард ва камтаваҷҷӯҳии афсуни мувоъиз мизоҷи илтифоташон мунҳариф кард. Муболағанавоии сози гуфтугӯ ба оҳнги истеҳзо кашид ва мубоҳасаороии муъомилаи забонҳо ба муноқашаи тамасхур анҷомид, ки тасмими ин азм агар ба эътимоди хавориқ аст, пас аз имтиҳони саломат имон оварданист ва агар ба тадбири шуҷоъат мутаъаллиқ бошад, баъд аз вуқӯъи фатҳи муборакбод адо карданӣ. Пайдост, ки аз чунин тӯфонгоҳ заврақи мӯр ба чӣ иститоъат рахти халос хоҳад бастан ва аз ин шӯълазор рақси сипанди бепару бол ба кадом афсун бадар метавонад ҷастан»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё