ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Шоири машҳур Қоонии Шерозӣ (1808-1853) нисбат ба Ҳоҷимуҳаммади Бедил эҳтироми зиёда доштааст ва ба ӯ ҳамеша бо хитоби «устод» муроҷиъат менамудааст. Қоонӣ дар яке аз сӯҳбатҳо гуфта, ки чун «қасида матраҳ мешавад, филфавр устод ҷавоб мегӯяд, мисли ин ки ҷавобро гуфта ва навиштаву ҳозир доштааст».
Муаллифи «Хадиқатушшуъаро» Мирзоаҳмади Девонбегӣ дар бораи ӯ чунин навиштааст:
«Дар адабияту арабият ва илми арӯзу мусиқӣ баҳраи вофӣ дошта ва дар назми қитъаоти таворих то кунун монанди ӯ касе наёмада. Ва қудрати табъаш ба тавре буд, ки қасоиди мушкиларо ба сабки ҳар шоире билотааммул мегуфт ба камтар аз соат ва менавишт, чунон ки мегуфтӣ дар ҳифзи ӯст».
Бино бар қавли муаллифи мазкур, тамоми шуъарои асри Кирмоншоҳ аз ҷумла Султонӣ, Носирӣ, Кавсар, Манзар ва Муҷрим дар хидмати ӯ тараққӣ кардаанд.
Хоҷимуҳаммади Бедил осори зиёде таълиф намудааст. Ӯ илова бар девони бузурги қасидаву ғазал ва қитъаву рубоъӣ чанд асари калонҳаҷми мансуру манзум низ эҷод кардааст.
Асарҳои насрии «Тӯҳфатуззокирин», «Достони мотам», маснавии «Усру юср», рисолае дар арӯз, рисола дар илми сарф, ки «Рабеъия» ном доштааст, аз ҷумлаи таснифоти ӯянд.
Маъруфтарин таълифи Ҳоҷимуҳаммади Бедил асари сеҷилдаи «Тӯҳфатуззокирин» аст, ки аз ҳаёти имом Ҳусайн ва дигар афроди хонадони паямбари ислом нақл мекунад. Ин асар бо номи «Дабистони мотам» низ маълум аст ва дар Эрону Ҳиндустон борҳо ба табъ расидааст.
Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъулфусаҳо» аз ашъори ин шоир намунаҳои зиёде овардааст, ки ду ғазали зерин аз ҷумлаи онҳоянд:
Дӯшина, ки шуд чида басе шамъ дигар бор
Дар маҳфили меҳроҷи шаб аз собиту сайёр:
Бо ҷони фигорам ғами маҳҷурии ҷонон,
Бо ҷисми низорам алами дурии дилдор.
Кард, он чӣ кунад барқи фурӯзанда ба хирман, Кард, он чӣ кунад оташи сӯзанда ба гулзор.
Чашмам ба раҳи дилбару рӯям ба фироқаш
Чун ҳалқа ба дар будиву чун коҳ ба девор.
Ногоҳ даромад зи дарам он маҳу гуфтӣ,
Хуршеди ҷаҳонтоб аён шуд ба шаби тор.
Сад нағма ниҳон ӯро дар ҷазъи сияҳмаст,
Сад ханда аён ӯро бар лаъли гуҳарбор.
Рӯю қади дилҷӯяш ин тӯбию он хулд,
Холу хами гесӯяш ин мӯҳраву он мор.
Бинҳод лабам бар лабу бо гӯшаи доман
Ашкам бисутурд аз мижаву гард зи рухсор.
Дурри ноб андар рутаб дориву дебо дар забир, Моҳтоб андар қасаб дориву хоро дар ҳарир.
Дурри нобат чун Суҳайласту абират чун Зураҳ, Моҳтобат ҷонфурӯз асту ҳарират дилпазир.
Ҷуфти абрӯят чу тоқу низ дар хубист тоқ,
Тоқ, к-аз мӯ баста шуд, бешубҳа, бошад беназир.
Шасти моҳигирро монад дар об он зулфи кай, Шасти моҳигир, нашнидам, ки гардад моҳгир.
Дар дили шер оҳуи бемори ӯ бим оварад,
Оҳуи бемор дидастӣ, ки бим орад ба шер?
Панҷумин шоири бедилтахаллуси эронӣ Муҳаммадтақӣ ибни Мирзо Муҳаммадризо Бедили Оштиёнист, ки дар соли 1274 ҳиҷрӣ (1857-58 милодӣ) ба дунё омада, дар соли 1300 ҳиҷрӣ (1882-83) дар авҷи камолоти эҷодӣ қарор доштааст. Асли ин шоир аз Оштиён ном мавзеъи байни Ҳамадону Қум буда, дар Теҳрон таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо касби камол кардааст. Ӯ илова бар шоири хуштабъ будан хаттоти хубе низ будааст. Махсусан дар навиштани навъи настаълиқ маҳорати баланд доштааст. Муаллифи тазкираи «Хадиқатушшуъаро» дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Ҷавонест маъқулу муаддаб, тарбиятшуда, бисёр боахлоқ. Бо ҳар кас ба меҳрубонӣ ва улфат сулук мекунад ва бисёр толиби ин аст, ки ба марде бирасад ва аз аҳли маънӣ муроде бинад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё