Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷаҳоне дар гудози хеш ғғарӣ аст,
Чароғи маҳфил ин ҷо шӯри барқ аст.
Чаманзори ҷаҳон доми такупӯст,
Ки парвоз аст, агар ранг асту гар бӯст.
Тилисми ваҳшати ашёст дунё,
Тапиданҳои амвоӣ аст дарё.
Агар хок аст, парвозаш ғғубор аст,
В-агар санг аст, боли ӯ шарор аст.
Дар ин маснавӣ бархе аз афкор ва ақоиди тарбиявӣ-ахлоқии Бедил низ ифода шудаанд.
Чунончӣ, кӯшишу ғғайрат ва ҳиммати баландро шоир аз омилҳои зарурии фаъолияти инсон дониста, хонандаро ба ҷидду ҷахди фаъол ва анҷоми корҳои накӯ ташвиқ ва тарғиб намудааст:
Матоъеро, ки қайд омад харидор,
Агар анқост, байъаш нест душвор.
Ба қадри ҷаҳд ҳар кас муздёб аст,
Хуш он ҷаҳде, ки манзураш савоб аст.
Ниҳоли кӯшиш ин ҷо бесамар нест,
Ки ботил ҳам фусунаш беасар нест…
Маснавии «Тилисми ҳайрат» илова бар он ки аҳамияти бузурги адабию эстетикӣ дорад, дар масъалаи омӯзиши таърихи тасаввуф, тадқиқи марҳала ва ҷараёнҳои мухталифи он ҳам материали бебаҳое дода метавонад. Ва ниҳоят «Тилисми ҳайрат»-ро ба ҳайси як рисолаи тиббӣ низ аз назар гузаронидан мумкин аст. Мавҷудияти ин асар гувоҳи он аст, ки Бедил на танҳо дар ҷодаи шоирӣ соҳиби нерӯи қавӣ ва истеъдоди бузург будааст, балки аз илмҳои дигари асри хеш низ огаҳии комил доштааст.
ЧАНД МУЛОҲИЗА РОҶЕЪ БА
«ТУРИ МАЪРИФАТ»-И БЕДИЛ
Маснавии «Тури маърифат» аз ҷумлаи муҳимтарин асарҳои Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) ба шумор меравад. Агрчи дар чанде аз таълифоти илмӣ доир ба «Тури маърифат» низ баъзе маълумотҳои умумиро пайдо намудан мумкин аст, вале ин асар, чун аксар асарҳои дигари шоир, то кунун мавриди баррасии зарурӣ қарор нагирифтааст.
Омӯзишу тадқиқи ҳамаҷонибаи маснавӣ кори ояндаи муҳаққиқон аст. Дар ин мақола, ки характери муқаддамотӣ дорад, доир ба чанд масъалаи баҳснок – унвон, муддати таълиф, таърихи таълиф ва ҳаҷми асар – сухан хоҳад рафт.
Пеш аз баррасӣ аз ин масъалаҳо лозим аст, ки доир ба сабабу шароити таълиф ва мавзӯъу мундариҷаи он сатре чанд нигошта шавад.
«Тури маърифат» натиҷаи таассуротест, ки Бедил аз саёҳати Байрот – минтақае аз вилояти онвақтаи Майвот – ҳосил намуда буд. Худи шоир дар ин бора навиштааст: «Боре аз сайри саводи Байрот раҳоварде, ки қонеъони туҳафи маъонӣ ба қалилӣ аз ин пешкаш кифоят тасаввур намоянд, нусхаи «Тури маърифат»-е ҳаст, ки дар таъмими ибораташ муддаъои хос мундариӣ тавон ёфт ва аз тахсиси маъниаш ҳақиқате ахасс метавон шикофт» (Ниг.: Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Кобул, 1344, Рукаъот, с. 37).
Саёҳати Бедил ба Байрот ин тавр сурат гирифта буд: Бедил баъд аз тарки хидмати ҳарбӣ, ки соли 1096 (1685) дар шаҳри Матҳро (Матҳураи имрӯза) иттифоқ афтод, ба мақсади иқомати доимӣ ба шаҳри Деҳлӣ омад ва бо кӯмаки Шукруллохони Хофӣ (вафоташ 1108\1696) ном амир, ки аз шоирони намоёни аср низ буд, соҳиби ҳавлӣ шуда, муқими шаҳри Деҳлӣ гардид. Дар ин миён, тахминан, дар охирҳои соли 1096 (1685) ё ибтидои 1097 (1686) Шукруллоҳхон ҳокими вилояти Майвот таъин шуд ва аз Бедил хоҳиш намуд, ки дар сафари ин вилоят ба ӯ ҳамроҳӣ кунад. Бедил ин таклифро қабул карда, ҳамроҳи Шукруллоҳхон ба вилояти мазкур рафта, чанд муддат дар ин ҷо иқомат кард. Аз «Руқаъот»-и шоир бармеояд, ки ӯ дар ин вилоят бештари авқоти худро дар Байрот сипарӣ менамуд (Ниг.:
К.Б. ҷ.4. Руқаъот, с. 31).

пешина
аз 250
навбатӣ