ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Илова кардан лозим аст, ки дар байни «Тилисми ҳайрат» ва асари дигари Аттор «Мусибатнома» низ баъзе умумиятҳо мавҷуданд. Махсусан анҷомҳои ин ду асар бо ҳамдигар хеле монанд мебошанд. Чӣ дар «Мусибатнома»ва чӣ дар «Тилисми ҳайрат» ҷӯяндаи ҳақиқат пеш аз расидан ба асли мақсад, бо дили хеш, ки маърази он ҳақиқат аст, дучор мегардад. Аз ин рӯ, фикри дар пайравии «Мантиқ-ут-тайр» суруда шудани «Тилисми ҳайрат» ва ҷой доштани таъсири Аттор дар эҷодиёти Бедил аз воқеият дур набояд бошад.
Инак ба мақсади ҳосил намудани тасаввуроти бештаре дар хусуси ин асар мазмуни онро мухтасаран нақл менамоем.
Шоҳе бо номи Рӯҳ аз олами боло фуруд омада, дар мулки Бадан маскан гирифт ва бо Мизоӣ ном дӯшизаи инҷой издивоӣ карда, соҳиби фарзанде шуд бо исми Сиҳат. Ӯ ба мақсади интихоби манзил қалъаҳои Димоғ, Ҷигар ва Дилро муоина карда дар паноҳи Дил иқомат гузид. Аз муқимони Дил - Фараҳ, Муҳаббат, Умед, Хавф, ҒҒАМ ва Адоват - се нафари аввалро мулозим хориӣ кард. Ба ҳокимони мулк –Балғам, Хун, Сафро ва Савдо инъомҳо дода, дар кишвари Бадан адлу амонӣ ҷори намуд. Аммо ин осоиш дер накашид: дар байни ҳокимон низоъ бархоста, боиси ҳуҷуми Хавфу Ғғам ва Адоват бар зидди шоҳ гардид.
Шоҳ надимони худ – Фараҳ, Муҳаббат ва Умедро ба назди Ҳусн, Ишқ ва Ақл фиристода аз онҳо мадад хост. Аз он ҷумла танҳо Ақл бо лашкари Ахлоқ ба имдоди шоҳ шитофта, мухолифони у Хавфу ҒҒАМРО мағлуб ва зиндонӣ кард. Лекин Адоват аз ҷазо раҳоӣ ёфт ва ба қасди интиқом аз Мараз ёрӣ талабид. Мараз дар таркиби Ризо дохили Бадан гардид. Аз ин кор Сиҳат огоҳ шуда, аз ақл Кӯмак ҷуст. Ақл бо мадади Парҳез Маразро аз Бадан дур ронд.
Аммо бо асари Парҳез Заъф ба Бадан роҳ ёфта, бо дастгирии ҳокимони мамлакат бар Ақлу Парҳез шикаст овард. Дар ин асно Хавф ва ҒҒАМ низ озод гашта, ба муқобили шоҳ бархостанд. Аз ҳамлаи якҷояи онҳо шоҳ ба танг омада, ихтиёри ғғурбат кард. Лекин Сиҳат ӯро ба ҳокимӣ даъват намуда, бо ёрии Ҳиммат бар душманон ғолиб омад. Дар ин миён Ҳусн низ вориди Бадан гардида, тамоми аъзои онро фаро гирифт. Сипас Ишқ ба мулки Бадан омад ва шоҳро аз ҷилои Ҳусн ғғофил дида, ба мақсади такомул додани ӯ аз Ҳусн ва иқтидори он сухан кард. Шоҳ бо шунидани ин ном бедил шуда, орзуи висоли ӯ кард. Ишқ гуфт, ки барои расидан ба висоли Ҳусн ранҷи сафар бояд кашид. Шоҳ тарки манзил намуда бо ҳидояти Ишқ аввал Мулки маъшуқиро тай намуд, ки дорои манзилҳои зиёде аз қабили Миён, Зулф, Лаб, Қомат ва ғғайраҳо буд. Сипас ба мулки ошиқӣ раҳ гирифта, маломат, иқлими Бало ба водии Ҳиҷронро убур карда, ба дараҷаи худшиносӣ наздик шуд. Ишқ оинаеро ба ӯ дода, таъқид намуд, ки ба он назар андозад. Шоҳ дар оина нақши заъиферо дида, дар ҳайрат монд. Ишқ ӯро аз асли мақсад воқиф намуда, гуфт, ки мақсад аз тай кунонидани манозилу водиҳо туро аз ҳақиқати ту огаҳ кардан буд. Онеро, ки ошиқӣ, ҷамоли худи туст ва ин оина, ки мебинӣ, қалби мусаффост, ки акси туро мунъакис сохтааст. Шоҳ чун аз ҳақиқати хол огоҳ шуд, аз худ бирафт ва ба ҷаҳони беранг пайваст.
Бо вуҷуди он, ки мазмуни асосӣ ва чавҳари аслии маснавӣ аз масоили мухталифи тасаввуф ва назарияи худшиносии орифона иборатанд, дар он ба тасвир ва тадқиқи бадеии мавзӯъҳои дунявию ҳаётӣ низ диққати муайяне дода шудааст. Масалан, протсесси ҳаракати доимӣ - таҳайюру таҳаввули олами моддӣ, тапиш ва шӯру шарри ҳаёти ҷамъиятӣ дар асар ин тавр инъикос ёфтаанд:
Тапидан сайди доми зиндагонист,
Чу хуни бисмилаш ҳосил равонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё