ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Шукруллоҳхон то соли 1099(1687-1688) ҳокими Майвот буд. Аммо Бедил баъд аз чанд моҳи иқомат дар Байрот ба Деҳлӣ баргашт ва ва таассуороти худро аз ин сарзамин дар шакли маснавӣ ба силки таҳрир даровард.
Тавре ки муҳаққиқони Бедил навиштаанд, «Тури маърифат» бо хоҳиши Шукруллоҳхон ва дар татаббӯъ ба яке аз асарҳои ӯ таълиф шудааст. Дар таъкиди ин фикр ҳам аз худи маснавӣ ва аз номаҳои шоир далел овардан мумкин аст. Чунончи, шоир дар фасли хотимавии «Тури маърифат» навиштааст:
Асои ман дар ин гулгашти мақсуд
Насими файзи Шукруллоҳхон буд.
В-агарна ман куҷо ку парфишонӣ?
Сиришке будам, он ҳам беравонӣ.
Дар ин гулшан хироме дошт килкаш,
Ки пайвастам мани бедил ба силкаш.
Каломаш гашт сармашқи хаёлам,
Аз он сарчашма ҷӯшид ин зулолам.
Ду рӯзе дар паси зону нишастам,
Хаёлеро баҳоре нақш бастам.
Ба юмнаш охир ин мактуби манзум
Ба «Тури маърифат» гардид мавсум.
Ин маъниро аз номаи шоир «Ирсоли хотимаи «Тури маърифат» мавсум ба «Гулгашти ҳақиқат» ба Оқилхон» низ метавон пай бурд. Дар инҷо омадааст: Баъд аз адои маротиби убудият, ки то нафас боқист, аз гардани ақидат соқит нест, маърӯзи файзандӯзони маҳфили ҳузур мегардонад, ки дар ин айём ба васотати таълими хонсоҳиби ҳақоиқмаротиб (ишора ба Шукруллоҳхон-Б.Р.) ва татаббӯъи он марҷаъи урафои маънимуносиб (ишора ба Шукркллоҳхон - Б.Р.) аз баҳористони олами мавзунӣ мустафизи «Гулгашти ҳақиқат»-е буд.
Арзи он кайфиётро василаи ниёзи бедилӣ тасввур намуд» (КБ. ҷ. 4 Руқаъот, с. 69).
Чунонки ишора шуд, мавзӯъ ва мундариҷаи «Тури маърифат» аз тавсифи водии Байрот ва кӯҳсори ин сарзамин иборат мебошад. Маснавӣ шаш бахши асосиро дар бар карда ҳар яке аз бахшҳои он дорои унвони алоҳидаи манзум аст.
Бахши аввал (Оғози баёни сайри Байрот-Таҳқиқи саводи қудратоёт) муқаддимаи асар ба шумор рафта, дар хусуси таъсири каломи бадеъ, зиёни хамӯшӣ, тарғиби ҷидду ҷаҳду амалиёти фаъол, маърифати олами ранг – дунёи моддӣ баҳс менамояд. Бахши мазкур бо таърифи Байрот ва манзараҳои зебои он ба поён мерасад.
Бахши дуввум (Тавсифи баҳору баршаголаш - Гулрезии рашҳаи камолаш) тасвири баршагол-мавсими боришот ва манзараҳои ба ин ҳодисаи табиъӣ алоқаманд-абр, қатра, ҳубоб, тиру камон ва ғайраро фаро гирифтааст.
Тавсифи кӯҳ, санг, шарар, шафақ ва умуман кӯҳистони Байрот муҳтавиёти бахши саввум (Кайфияти абру ранги кӯҳсор – Паймонаи ҷилваҳои сараш)-ро ташкил додаст. Бахши чорум (Ороиши сайргоҳи маъдан – Дурпошиҳои роҳи маъдан) ба тасвири чоҳҳои маъдан ва меҳнати тоқатшикани маъданканон бахшида шудааст. Бахши панҷум (Аз шӯълаи дил қадам фушурдан - Дар чашмаи гарм роҳ бурдан) аз сифати чашмасор, обҳои гарми шифобахш ва манзараи шабгир иборат аст. Ва ниҳоят бахши хотимавии он (Гулгашти ҳақиқати баҳораш- Хатми такупӯи эътибораш) тасвири боғ, гулҳои боғ, таърифи ҳамсафарони муаллифро дар бар кардааст.
Илова бар фаслҳои тавсифӣ, ки қисмати асосии маснавиро ташкил додаанд, дар асар порчаҳои лирикӣ-фалсафие низ мавҷуданд, ки бо унвони «Ишорат» зимни ин ё он бахши тавсифӣ дарҷ гардидаанд. Яке аз порчаҳои фалсафӣ, ки мартуб ба бахши чорум мебошад, ин аст:
Саҳар оинаам пардози дил ёфт,
Сафои имтиёзи обу гил ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё