Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нахустин, к-аз таҳаққуқ кардам оғоз,
Ба рамзи обу хокам чашм шуд боз.
Тааммул сарфи кори ину он шуд,
Чароғи хилвати ҳар як аён шуд.
Ниҳол аз хок гулшан дар қафас дошт,
Ҳубоб аз об ҷӯшад, то нафас дошт.
Яқинам шуд, ки дар ҳар қатра ҷонест,
Ниҳон дар ҳар кафи хоки ҷаҳонест.
Тааммул з-ин адо сад ҷилва дорад,
Ҳаку ботил тааммул менигорад.
Тааммул айнаки таҳқиқи ашёст,
Агар бошад тааммул, ҷилва аз мост.
Инак шурӯъ мекунем ба асли мақсад. Дар аввал роҷеъ ба унвони асар. Тавре ки аз хотимаи маснавӣ маълум аст (Ба юмнаш охир ин мактуби манзум – Ба «Тури маърифат» гардид мавсум), ин асар як ном дорад ва ин ном «Тури маърифат» аст. Илова бар ишораи мазкур Бедил дар чаҳор номаи хеш аз маснавӣ маҳз бо ҳамин ном ёд кардааст. Дар се маврид унвони асар дар таркиби унвонҳои номаҳо дарӣ аст ва дар як маврид дар дохили матни мактуб омадааст. Се номаи аввал инҳоянд: 1) «Ирсоли «Тури маърифат» ба Мирзо Муҳаммадамини Ирфон», 2) «Ба Шукруллоҳхон, дар арзи анҷоми нусхаи «Тури маърифат». 3) «Ирсоли хотимаи «Тури маърифат» мавсум ба «Гулгашти ҳақиқат», ба Оқилхон». Номаи чаҳорум ба Мирзо Ибодуллоҳ ном шахс аст, ки дар он омадааст: «Аммо мутобиқи амре, ки аз имтисоли он чора нест, мусаввадаи шеъре чанд бо нусхаи «Тури маърифат», ки ламаъоти ҳақиқаташ мункашифи тааммул хоҳад гардид, ба маърази ирсол расонид» (К.Б. ҷ. 4. Руқаъат. с. 50).
Аммо дар иддае аз таълифоти илмӣ, аз ҷумла дар феҳристи Шпренгер «Нусхаҳои хаттии китобхонаи ҳокимони Авадҳ» (Калкутта, 1854), «Тури маърифат»-ро бо номи «Гулгашти ҳақиқат» низ дучор омадан мумкин аст. Дар феҳристҳои Эте «Нусхаҳои хаттии китобхонаи Индия Оффис» (Оксфорд, 1903), Муқтадир «Нусхаҳои хаттии китобхонаи Бонгипур»
(Калкутта, 1912), мақолаи Ёсинхони Ниёзӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил» (Оинаи ирфон, Кобул, 1311, №№ 10, 11, 1312, №№2, 4, 5, 6), рисолаҳои Абдулғанӣ «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил (Кобул, 1351), Амир Муҳаммади Асир «Шарҳи «Тури маърифат»-и Бедил» (Кобул, 1356), Шавкат Шукуров «Мирзо Бедилнинг поэтик меросӣ» (Тошкент, 1980) ва нашри кобулии куллиёти Бедил маснави бо ду ном – «Тури маърифат» ва «Гулшани ҳақиқат» ёд шудааст. Ин фикр, зоҳиран, мубнӣ бар мисраъҳои зайл аст, ки дар оғози маснавӣ мавҷуданд.
Тапишфарсуд шавқи нолатимсол
Зи таҳрики нафас во мекунад бол,
Ки хомӯшӣ навосоз аст имрӯз,
Ғубори сурма овоз аст имрӯз.
Зи тури маърифат маънисароям,
Ба чандин кӯҳ менозад садоям,
Зи гулгашти ҳақиқат тарзабонам,
Ба сад минқор меболад баёнам.
Вале ин ҷо ибораҳои «тури маърифат» ва «гулгашти ҳақиқат» ишора ба унвони маснавӣ ё ки худи маснавӣ нест. Мақсад аз ин таъбирҳо маърифати илоҳӣ ва ҳақиқати азалист. Имкон дорад, ки шоир кӯҳистони Байрот ва водии зебоманзари онро низ дар назар дошта бошад.
Дар ҳар сурат, ин ҷо ишора ба предмети тасвир аст, на ба худи асар. Мақсад аз «тури маърифат»агар номи асар мебуд, шоир дар мисраъи шашуми порчаи боло «ба чандин кӯҳ менозад садоям» намегуфт. Яъне дар сурати номи маснавӣ пиндоштани таъбири «тури маърифат» таносуби маъноии мисраъҳои панҷум ва шашум аз байн меравад. Зеро дар байни маснавии «Тури маърифат» ва ибораи «чандин кӯҳ» умумият ва муносибате вуҷуд надорад.

пешина
аз 250
навбатӣ