ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Аз муҳаққиқони мазкур Шавкат Шукуров навиштааст, ки Бедил дар «Чорунсур» аз «Тури маърифат» бо ду ном – «Тури маърифат» ва «Гулгашти ҳақиқат» ёд кардааст (Ниг.: Ш.
Шукуров, рисолаи мазкур, с. 17).
Вале мутолаъаи «Чорунсур» нишон дод, ки шоир дар ин ҷо аз «Тури маърифат» умуман ном набурдааст.
Муаллифоне низ ҳастанд, ки «Тури маърифат» ва «Гулгашти ҳақиқат»-ро чун ду асари алоҳида ба қалам овардаанд.
Чунончи, соҳиби «Базми темурия» Сайид Сабоҳиддини Абдураҳмон навиштааст, ки Бедил илова бар девони ашъор асарҳои (1) «Муҳити аъзам», (2) «Тилисми ҳайрат», (3) «Гулгашти ҳақиқат», (4) «Тури маърифат», (5) «Ирфон», (6) «Баёз», (7) «Никот», (8) «Руқаъот» ва (9) «Чаҳорунсур»-ро таълиф намудааст. (Базми темурия, Аъзамгарҳ. 1948. с.
296).
Вале, тавре ки аз номаи Бедил «Ирсоли хотимаи «Тури маърифат» мавсум ба «Гулшгашти ҳақиқат», бо Оқилхон» бармеояд, «Гулгашти ҳақиқат» унвони бахши хотимавии «Тури маърифат» аст, на унвони дуввуми ин маснавӣ ва на ягон асари мустақили дигар. Ин маъниро аз мундариҷаи маснавӣ низ дарк намудан мумкин аст. Маснавӣ, чунон ки гуфтем, аз шаш бахши асосӣ иборат аст ва унвонҳои ин бахшҳо ба қарори зайланд:
- Оғози баёни сайри Байрот, Таҳқиқи саводи қудратоёт.
- Тавсифи баҳору баршаголаш, Гулрезии рашҳаи камолаш.
- Кайфияти абру ранги кӯҳсор, Паймонаи ҷилваҳои саршор.
- Ороиши сайргоҳи маъдан, Дурпошиҳои роҳи маъдан.
- Аз шӯълаи дил қадам фушурдан, Бар чашмаи гарм роҳ бурдан.
- Гулгашти ҳақиқати баҳораш, Хатми такупӯи эътибораш.
«Тури маърифат» чун ба тавсифи Байрот бахшида шудааст, бо номи «Сайри Байрот» низ шӯҳрат дорад. Ин унвон, зоҳиран, аз сарлавҳаи бахши авали маснавӣ (Оғози баёни сайри Байрот) гирифта шудааст. Дар баъзе нусхаҳои хаттӣ ба ҷои таъбири «Сайри Байрот» саҳван «Сайри Ҳирот» сабт гардидааст. Ин унвони ғалат бархе аз муҳаққиқонро ба иштибоҳ низ андохтааст. Чунончи, муаллифи кашмирӣ Коши Нотҳ Пандит дар ҳамин асос навиштааст, ки Бедил ба Ҳирот низ сафар кардааст (Ниг.: Кошӣ Нотҳ Пандит, Аҳволу афкор ва сабки ғазалиёти Бедил, Теҳрон, 1961 чопи мошинка).
Яке аз нусхаҳое, ки бо номи «Сайри Ҳирот» маълумаст, нусхаи 1053 Институти Шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Ин нусха бо маҷмӯъаи ашъори Абдураҳмони Мушфиқӣ (1525-1588) дар як ҷилд аст ва дар феҳрести китобхонаи мазкур ба Абдураҳмони Мушфиқӣ нисбат дода шудааст. (Ниг.: Собрание восточних рукописей АИ Ӯзбекистон ССР. Том. 2. Ташкент, 1954 стр. 260).
Олими тоҷик Зоҳир Аҳрорӣ ин нусхаро таҳқиқ намуда, ба Мушфиқӣ таъаллуқ надоштан ва моли Мирзо Абдулқодири Бедил будани онро исбот кардааст. (Ниг.: Зоҳир Аҳрорӣ Мушфиқӣ, Душанбе, 1978, саҳ. 84).
Аммо дар мавриди унвони асар Зоҳир Аҳрорӣ низ ба иштибоҳ роҳ дода аст! Ӯ навиштааст, ки достони «Сайри Ҳирот» дар асал «Сайри боғоти Гуҷрот» ном достони Мирзо Абдулқодири Бедил аст, ки ки ба номи ҳукмрони онвақтаи Гуҷрот Шукруллоҳхон навишта шуда, оид ба саёҳати шаҳри Гуҷрот, хурамиҳои манзараи табиати он ва атрофу ҷавониб баҳс мекунад» (ҳамон ҷо саҳ. 84).
Вале чунон ки медонем, Бедил асаре бо номи «Сайри боғоти Гуҷрот» надорад ва Шукруллоҳхон низ ҳеҷ гоҳ ҳокими Гуҷрот набудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё