ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Сабаби ин иштибоҳ он аст ки бахши авали маснавӣ, чунон ки гуфтем, «Оғози баёни сайри Байрот – Таҳқиқи саводи қудратоёт» унвон дорад. Дар нусхаи зикршуда ба ҷои калимаи «Байрот» калимаи «Ҳирот» омадааст. Чун ин калима дар вазни байти боло нағунҷидааст, муҳаққиқ онро бе ҳеҷ асос бо «Гуҷрот» иваз намудааст.
Зоҳиран, нусхаи мазкури «Тури маърифат» аз нусхаҳои ноқиси маснавист. Дар нусхаҳои комили он номи Байрот ва унвони асар сареҳан зикр гардидаанд:
Кунун дар кӯҳи Байрот обу рангест,
Ки ҳар сангаш ба дил бурдан фарангест.
Ба номаш охир ин мактуби манзум
Ба «Тури маърифат» гардид мавсум.
Дар робита бо унвони маснавӣ нуктаи дигарро низ таъкид намудан зарур аст. Дар «Руқаъот»-и Бедил мактубе вуҷуд дорад, ки унвонаш чунин аст: «Ба Шукруллоҳхон, дар арзи сиҳати худ ва изҳори назми «Гули зард». Бедил дар ин нома аз оғози таълифи асаре хабар додаст, ки унвонаш «Гули зард» будааст. Чанд тан аз муҳаққиқон «Гули зард»-ро асари мустақили мафқудшуда ва гурӯҳи дигар онро ҷузъе аз маснавии «Тури маърифат»
донистааст. Вале мо дар ақидае хостем, ки «Гули зард» номи собиқаи «Тури маърифат» аст, на унвони бахши алоҳидаи он ва на ягон асари мустақили дигар (Дар ин бора ниг. Ба мақолаи «Гули зард»-унвони собиқаи «Тури маърифат»).
Акнун меоем ба масъалаи дуввум - муддати таълифи маснавӣ.
Иддае аз муҳаққиқон, аз ҷумла Абдулғанӣ ва Шавкат Шукуров, бинобар як ишораи худи шоир (Ду рӯзе дар паси зону нишастам, Хаёлеро баҳоре нақш бастам) навиштаанд, ки «Тури маърифат» дар муддати ду рӯз эҷод шудааст. Дуруст аст, ки Бедил дар кори эҷоди асар аз тангии фурсат шикоят кардааст. Аммо, бо вуҷуди ин, гуфтани он ки маснавӣ маҳз дар ду рӯз иншо шудааст, хилофи воқеъият аст. Аввалан, таъбири «ду рӯзе» маънои маҳз ду рӯзро надорад. Сониян, аз «Руқаъот»-и шоир пайдост, ки асар дар муддати нисбатан зиёд таълиф гардидааст. Тавре ки дар боло дидем, Бедил аз рафти эҷоди он дар чанд номааш хабар додаст. Дар номаи «Ба Шукруллоҳхон, дар арзи сиҳати худ ва изҳори назми «Гули зард» дар хусуси аз таҳрир баромадани 150 байти он сухан рафтааст. (Ниг.: К.Б.ҷ. 4 Руқаъот. С. 71). Ё худ бахши хотимавии он ки «Гулгашти ҳақиқат» ном дорад, дар алоҳидагӣ ирсол шудааст.
Ба эътибори ин далелҳо, тахмин намудан мумкин аст, ки маснавӣ дар муддати ягон моҳ ва ҳатто аз ин ҳам бештар эҷод шудааст.
Муҳаққиқони Бедил дар масъалаи таърихи таълифи асар низ дар як ақида нестанд.
Ёсинхони Ниёзӣ дар мақолаи «Мирзо Абдулқодири Бедил» (Оинаи ирфон, Кобул 1311, 119, 1011, 1312 №2, 4, 5, 6) ва Нурулҳасани Ансорӣ дар рисолаи «Баҳсе дар аҳвол ва осори Бедил» (Кобул – 1363 ба эътибори сафари шоир аз Деҳлӣ ба Байрот, замони таълифи маснавиро байни солҳои 1097-1098) донистаанд.
Муаллифи мақолаи «Мирзо Бедил ва мақоми ӯ дар равобити адабӣ ва ирфонии Афғонистон ва Ҳинд» Ғуломҳасани Маҷаддадӣ ҳам дар ҳамин ақида аст. Ба назари ӯ, маснавӣ «дар охири қарни ёздаҳиҳуми ҳиҷрӣ суруда шуда аст». (Маҷалаи «Адаб» Кобул, 1354 № 4).
Холиди Айнӣ Таълихи эҷоди маснавиро ба таърихи сафари шоир аз Деҳлӣ ба Байрот алоққаманд донста, навиштааст, ки сафари мазкур пас аз соли 1092 (1681) бавуқӯъ пайваст ва маснавӣ низ баъд аз ҳамин сол таълиф шуд. (ниг. Х. Айнӣ, Бедиль и его поэма «Ирфон», Сталинабад, 1956 стр. 54).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё