Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абдулғанӣ-муаллифи рисолаи «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул-1351) мӯътакид аст, ки Шукруллоҳхон ду бор фавҷдори Майвот таъин шудааст. Бори аввал аз соли 1096 (1685) то соли 1099 (1687-1688) ва бори дуввум пас аз соли 1099 то охири умр, яъне то соли 1108 (1696-1697). Бинобарин, ба ақидаи Абдулғанӣ, Бедил дар сафари дуввуми Шукруллоҳхон ба ӯ ҳамроҳӣ кардааст ва «Тури маърифат» низ баъд аз соли 1099 эҷод шудааст. Ин фикри Абдулғанӣ дар асоси маълумоти Озоди Балгиромӣ ба миён омадааст.
Озод навиштааст, ки Шукруллоҳхон то охири умр, яъне то соли 1108 фавҷдори Майвот буд ва дар ҳамон ҷо вафот кард. (ниг. Сарви озод, Ҳайдарободи Дакан, 1913, саҳ 149). Вале ин фикр ғалат аст. Шукруллоҳхон дар соли 1099 (1687-1688) аз фавҷдории Майвот фориғ гардида, фавҷдори Деҳлӣ таъин шуда буд. Дар ин бора Бедил қитъаи таърихе дорад, ки ин аст:
Хони хуршеднишон, матлаъи субҳи эҳсон,
Он ки дар сояаш осуда сипеҳри иззат,
Арши таъзимливо домани иқболи баланд,
Авҷи афлокбино пояи қудратазамат.
Зоташ аз фазлу карам анҷумани ҳусни сифот, Номаш аз файзи азал ҳосили нозу неъмат.
Рояти ҳукм зи Майвот ба Деҳлӣ афрохт,
Бо ду олам талабу айшу нишонту ишрат,
З-ин ду таърих талаб соли саъодат сараш:
«Ҳосили ишрат»-у «айшу шароби беминнат» (К.Б. ҷ.2, Қитъаот, саҳ. 134).
Ибораҳои «ҳосили ишрат» ва «айшу тараби беминнат» моддаҳои таъриханд, ки ҳар кадоме адади 1099-ро ифода мекунамояд. Дар ин қитъа агарчи аз Шукруллоҳхон сареҳан ном бурда нашудааст, мисраъи «Номаш аз файзи азал ҳосили нозу неъмат» (ҳосили нозу неъматшукри худо, яъне Шукруллоҳ) далел бар он аст, ки шоир ӯро дар назар дорад.
Пас аз соли 1099 фавҷдори Деҳлӣ навоҳии атрофии он будани Шукруллоҳхонро муаллифи «Миръотулхаёл» (соли таълиф 1102(16901691). Шералихони Лудӣ низ таъкид намудааст. Ӯ зимни шарҳи аҳволи шоире бо номи Фаррух Ҳусайни Нозим аз вафоти падари хеш хабар дода, таъкид кардааст, ки пас аз ин воқеъа «аз ёрон ва бузургони ҳамсӯҳбат, ки ҳар яке ягонаи рӯзгор буд», баъзе шарбати марг чашиданду баъзеи дигар ба атроф майл намуданд.
«Аз он ҷумла зоти муборак, хулосаи дудмони наҷобат, салолаи хонадони саёдат, зӯри бозӯи диловарию шуҷоъат, сурати маънию карам ва саховат наввоб Шукруллоҳхон соҳиб аст, ки ба таркиби фавҷдории дорулхилофаи Шоҳиҷаҳонобод (Деҳҳлӣ Б Р) ва навоҳии он комронию комёби дорад» (Миръотулхаёл, нусхаи №1966 Ишохаит, вар, 123«а»).
Мо намедонем, ки Шукруллоҳхон кори фавҷдории Деҳлиро то кадом сол давом дод? Вале ин амр мусаллам аст, ки вафоти ӯ соли 1108(1696-1697) дар Деҳлӣ рух дод, на дар Майвот.
Дар ин бора аз «Руқаъот»-и Бедил далел овардан мумкин аст. Номаҳои «Ба Шукруллоҳхони сонӣ, Лар азои Шукруллоҳхон ва арзи бемори ва натвонии худ» ва «Дар таъзияи Шукруллоҳхон, ба Шукруллоҳхони сонӣ халафи эшон» аз ҳамин қабиланд.
Бад-ин тариқ Шукруллоҳхон ҳамагӣ ду-се сол, аз соли 1097 (1685-1686) то соли 1099(1697-98) фавҷдори Майвот буд ва Бедил низ ба ин сарзамин ҳамагӣ як бор сафар кардааст. Аз ин рӯ, фикри Абдулғанӣ дар хусуси таърихи таълифи маснавӣ қобили қабул шуда наметавонад.
Навиштаи Ғулом Мустафохон – муаллифи мақолаи «Таъйини таърихҳои осори» низ хилофи воқеъият аст. Ба қавли ӯ, маснавӣ қабл аз соли 1084(1673-1674) эҷод шудааст (Ниг.:
Ориентал коллеӣ мегезин, Лоҳур 1972, март-июн).

пешина
аз 250
навбатӣ