Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Санаде, ки ин муаллиф дар ихтиёр дорад, номаи Бедил «Ирсоли «Тури маърифат» ба Мирзо Муҳаммадамини Ирфон» ва қитъаи таърихест, ки Бедил дар вафоти Муҳаммадамини Вафо ном шахс навиштааст. Матни қитъа ин аст:
Он Муҳаммадлақаб Амини Вафо
Обу ранги ҳадиқаи ахлоқ,
Ки чу ӯ кас дар ин замона набуд
Ба лиқои расули ҳақ муштоқ,
Умри бе ихтиёр бурд ба сар
Дар хаму печи ин хамида равоқ.
Дар ҳиҷоби ғубори ранги дуӣ,
Баски табъаш надошт тоби фироқ.
Ногаҳон дар хумори ҷоми аласт,
Ёдаш омад зи нашъаи мисоқ.
Ғӯта зад дар муҳити берагӣ,
Нест ҷуз васл мақсади ушшоқ.
Ҳотифе гуфт соли таърихаш:
«Рафт қутби замона аз офоқ».
(К.Б. ҷ.2, Қитъаот. С. 129).
Мисраъи охири ин қитъа моддаи таърих аст, ки санаи 1084 (1673-74) аз он бармеояд.
Ғулом Мустафохон Муҳаммадамини Вафо ва адресати номаи мазкур – Мирзо Муҳаммадамини Ирфонро як шахс пиндошта, ба хулосае омадааст, ки «Тури маърифат» пеш аз вафоти Муҳаммадамини Вафо, яъне пеш аз соли 1084 эҷод шудааст. Дар ҳоле ки Муҳаммадамини Вафо ва Мирзо Муҳаммадамини Ирфон шахсони алоҳидаанд. Тавре ки аз қитъаи боло мебинем, Муҳаммадамини Вафо шахсест, ки дар соли 1084 даргузаштааст. Вале Мирзо Муҳаммадамини Ирфон шоири намоёни аср аст, ки вафоташ дар ибтидои асри XII ҳиҷрӣ иттифоқ афтодааст.
Гуруҳи дигар муаллифан, ки дар ин бора изҳори назар кардаанд, иборатан аз устод Ай нӣ, Александр Баузани, Асадуллоҳ Ҳабиб ва дигарон. Бар хилофи муҳаққиқони боло, ин гурӯҳи муаллифон ҳама дар як ақидаанд. Бино бар ин ақида, таърихи анҷоми «Тури маърифат» соли 1098 ҳиҷрист. Аз ҷумлаи ин муаллифон танҳо устод Айнӣ барои тасдиқи фикри худ далел овардааст. Муаллифони дигар, зоҳиран, ҳама аз ӯ пайравӣ кардаанд. Устод Айнӣ навиштааст: «Ҳарчанд Бедил таърихи таълифи ин асари худро дар ҷое қайд накарда бошад ҳам, аз мактубе, ки шоир ин асарро ба вай ба Шукруллоҳхон фиристодааст, маълум мешавад, ки ин манзума дар солҳои 1098 ҳиҷрӣ (дар соли 1687 милодӣ дар 43 солагии шоир) навишта шудааст. Чун ки дар мактубе, ки ин асар бо вай ба Шукруллоҳхон фиристонда шудааст, таърихи фатҳи Ҳайдаробод ҳам ҳаст, ки 1098 ҳиҷрӣ мебошад (С. Айнӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сталинобод 1954, с. 74). Дар «Руқаъот»-и Бедил ягона мактубе ки ба Шукруллоҳхон ирсол шудаасту дар он анҷоми «Тури маърифат» хабар дода мешавад ҳамон аст, ки бо унвони «Ба Шукруллоҳхон дар арзи анҷоми «Тури маърифат» дар боло ёд шуд. Бедил дар ин нома навиштааст: «Ниёзе, ки дар маъбади андеша бо маънии таслим месохт, имрӯз дар сурати хат ҷабҳасост ва дуъое, ки дар пардаи нафас ҳасрати тапидан мекашид, ба кисвати нома болкушо. Маънинавозо «Тури маърифат» аз ҳуҷуми дидаи интизор сомони як олам чароғон аст ва ба ҳавои нисори он Калими айманҳақиқат сад ҳазор гавҳари маънӣ ба домон Лиллахулҳамд, таваҷҷуҳи зоти маъниёт дар он самт яди байзое накушуда ва асои қудрате нанамуда, ки оли Фиръавн, яъне зумраи тоғиёне ки ғарқаи нили идборанд, то қиёмат сар аз оби теғ бароранд (К.Б. ҷ.4. Руқаъот с. 54).
Дар ин нома, тавре ки мебинем, ба ғалабаи Шукруллоҳхон бар тоғиёни вилояти Майвот ишора шудааст, на ба фатҳи Ҳайдаробод. Ин маъниро аз ибораҳои «Калили айманҳақиқат»

пешина
аз 250
навбатӣ