ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
ва «оли Фиръавн», ки ишора ба Шукруллоҳхон ва шӯришгарон аст, пай бурдан мумкин аст.
Таъбири «оли Фиръавн» далел бар он аст, ки тарафи мағлубшуда мусулмон нест. Дар ҳоле ки подшоҳи Гулканда, яъне Ҳайдаробод-Абулҳасан ибни Абдуллоҳ мусулмон буд. Илова бар ин, дар ин нома аз иқтидору нерӯ ва ғалабаи Шукруллоҳхон сухан рафтааст. Ин ҳодиса, чунон ки гуфтем, дар Майвот ба вуқӯъ пайваста буд на дар Ҳайдаробод. Ба таъбири дигар гӯем, Шукруллоҳхон дар фатҳи Ҳайдаробод ширкат надошт. Солҳои 1097-1098 (1685-1687), ки Беҷопур ва Гулканда тобеъи ҳукумати Аврангзеб гардидаанд, Шукруллоҳхон дар Мавот буд. (ниг. К.Б. ҷ.2. Қитъаот. С. 130, 133).
Гуфтан лозим аст, ки фурӯ нишонидани ошӯбҳо дар Майвот ду сол солҳои 1097-1098 (1685-1687) давом кард. Соли 1097 Шукруллоҳхон ба пешвои қавми нарука ва ҳам қавми мев саркӯб шудаанд. (Ниг.: К.Б. ҷ.2. Қитъаот. С. 130). Суоле ба миён меояд, ки дар номаи мазкур ба кадоме аз ғалабаҳои Шукруллоҳхон ишора рафтааст – ба ғалабаи соли 1097 ё ба ғалабаи соли 1098? Аз таъбири «таваҷҷуҳи зоти маъниёт дар он самт яди байзое накушуда ва асои қудрате нанамуда» бар меояд, ки дар ин нома дар хусуси оғози ғалабаҳои Шукруллоҳхон сухан меравад. Яъне дар ин ҷо ба ғалаи Шукруллоҳхон бар Баҷироми нарука ишора шудааст, ки соли 1097 иттифоқ афтода буд. Ин маъниро аз ибораи «оли Фиръавн» низ метавон пайбурд. «Оли Фиръавн»тавре, ки гуфтем, далел бар он аст, ки тарафи мағлубшуда мусуслмон нест. Аз ду қавме, ки Шукруллоҳхон бар онҳо шикаст овард қавми ғайриислом нарука буд. Қавми мев, ки дар соли 1098 мағлуи шуд, аз ҳиндуёни мусулмоншуда ба шумор мерафт. Дар ин бора ниг. Р. Гусева, Раджастхандтсӣ. Народ и проблемы. М. «Наука: 1989.
стр. 88).
Дар ин сурат ақидаи Ёсинхони ниёзӣ ва Нурулҳасани Ансорӣ, ки таърихи таълифи асарро байни солҳои 1097-1098 (1685-1687) донистаанд ба ҳақиқат наздикии бештаре дорад.
Дар воқеъ, чунон ки гуфтем, Бедил дар охири соли 1096(1685) ё ибтидои соли 1097 (1686) ба Байрот рафта, пас аз ду-се моҳ ба Деҳлӣ баргашт. Ба Деҳлӣ баргаштан замон ба таълифи маснавӣ шурӯъ намуд. Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки маснавӣ дар муддати як-якуним моҳ эҷод шудааст. Ба таъбири дигар аз ибтидои сафари шоир то интиҳои замони анҷоми асар камтар аз як сол гузаштааст. Аз ин рӯ, бо қатъияти том метавон гуфт, ки маснавӣ маҳз дар соли 1097 (1685-1686) таълиф шудааст.
Ва ниҳоят, чанд сухан доир ба ҳаҷми маснавӣ. Муаллифи «Сафинаи Хушгӯ» ҳаҷми маснавиро 3000 байт навиштааст. Тазкиранависони дигар аз қабили Иброҳим Халилхони Халил. Ҳусайнқулихони Азимободӣ ва муаллифи феҳристи китобхонаи Худобахш Мавлавӣ Абдулмуқтадир Хушгӯро такрор кардаанд. Вале ин фикр сиққат надорад. То ба имрӯз ягон нусхае аз маснавӣ ба назар нарасидааст, ки ин миқдор абётро фаро гирифта бошад. Гуфтан лозим аст, ки маълумоти Хушгӯ доир ба ҳаҷми чанд асари дигари Бедил низ дуруст нест.
Масалан, ӯ ҳаҷми маснавии «Танбеҳулмуҳаввисин»-ро ҳазор байт гуфтааст. Дар ҳоле, ки асар аз дусаду чан байт зиёд нест.
Муаллифи рисолаи «Бедил» (Лоҳур 1952) Ибодуллоҳи Ахтар овардааст, ки «Тури маърифат» дар асл шаш ҳазор байт аст. Вале, таъкид намудааст ӯ, матни комили он дастрас нест. Ин муаллиф дар асоси чӣ далеле бар ин ақида аст? - ба мо маълум нест. Чун ин фикр дар ду ҷои рисолаи ӯ (с. 249-262) таъкид шудааст, гумон аст, ки муаллиф ягон асари дигари Бедил, масалан «Муҳити аъзам» ва ё «Ирфон»-ро дар назар дошта бошад. Ба ибораи дигар гӯем, ин ҷо хатои техникӣ ва ё саҳве аз тарафи матбаъа Рух надодааст, балки назари муаллифи рисола ҳамин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё