Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаққиқони дигар теъдоди дақиқ абёти маснавиро зикр накарда бошанд ҳам, дар атрофии ҳаҷми воқеъии он сухан рондаанд. Чунончи, ҳаҷми маснавиро Қорӣ Абдуллоҳ ҳазор байт, Кошӣ Нотҳ Пандит аз ҳазор байт афзунтар, Абдулғанӣ ва Асадуллоҳ Ҳабиб 1200, Салоҳуддини Салҷуқӣ, Нурулҳасани Ансорӣ ва Муҳаммад Риёз 1300, Холиди Айнӣ 1400, устод Айнӣ, Саъдуддин Тоҷиддинов, Субҳон Амирқулов ва боз чанд нафари дигар 1500.
Бино бар ду нашри маъруфи куллиёти Бедил-нашри Сафдарӣ ва нашри Кобул-маснавӣ аз 1200 байт андаке бештар (1228 байт) аст. Дар чанд нусхаи хаттие, ки дар ихтиёр доштем, ҳаҷми он аз ин миқдор зиёд нест.
«ГУЛИ ЗАРД» - УНВОНИ СОБИҚАИ
«ТУРИ МАЪРИФАТ»
Дар «Руқаъот»-и Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) номае мавҷуд аст, ки унвонаш чунин аст: «Ба Шукруллоҳхон, дар арзи сиҳҳати худ ва изҳори назми «Гули зард». Бедил дар ин нома навиштааст: «Чанд рӯз аст дар баҳористони андешаи «Гули зард» ранги ором мебозад ва ба ороиши бисоти шикасти ранге мепардозад. Ҳанӯз аз чамани афкор мунтахаби обуранге, ки фароҳам овардааст, қариб яксаду панҷоҳ гул зиннати домани таҳрир гардида (Куллиёти Бедил, ҷилди чорум, Кобул, 1344, Руқаъот, саҳ. 71-72).
Чунон ки мебинем, ин ҷо аз асаре сухан рафтааст, ки муаллиф ба эҷоди он акнун шурӯъ намудааст. Аз унвони руқъа ва миқдори байтҳои эҷодшуда, ки 150 будаанд, бармеояд, ки шоир дар фикри таълифи асари калонҳаҷми манзуме будааст. Вале, чунон ки маълум аст, дар байни осори Бедил асаре бо ин ном дида намешавад. Тазкиранигорон ва муаллифони феҳристҳои китобхонаҳои ҷаҳон низ аз мавҷудияти асаре бо ин ном хабар надодаанд.
Аммо дар адабиёти илмӣ истинодан ба номаи мазкури шоир аз ин асар зикрҳое ба миён омадааст.
Аввалин касе ки аз маснавии «Гули зард» ном бурдааст, муҳаққиқи панҷобӣ Ғулом Ёсинхони Ниёзист. Ӯ дар мақолаи муфассале, ки бо номи «Мирзо Абдулқодири Бедил»
солҳои 1931-33 дар маҷаллаи «Ориентал коллеӣ мегезин» (Лоҳур) чоп шуд, дар қатори осори маълуми Бедил роҷеъ ба «Гули зард» низ маълумоти мухтасаре дода аст. Ӯ навишта аст:
«Гули зард» яксаду панҷоҳ байт аст. Мирзо руқъае ба номи Шукруллоҳхон навишта, дар он руқъа аз ин абёт ном мебарад. Мо роҷеъ ба ин абёт дар «Ориентал коллеҷ мегезин» (Моҳи огаст, 1932) арзи 70 фиқра нигоштаем» (Ниг.: ба тарҷимаи форсии мақола дар китоби «Сӣ мақола дар бораи Бедил», Кобул, 1365).
Мутаасифона, нигоштаи муаллифи мӯҳтарам дастраси мо нагардид, то назари ӯро доир ба ин асар дониста бошем.
Дуввумин касе, ки аз маснавии «Гули зард» ёд кардааст, муаллифи рисолаи «Файзи қудс»
(Кобул, 1334) устод Халилис. Ӯ зимни ёдоварӣ аз мақолаи мазкури Ёсинхони Ниёзӣ навишта буд, ки дар ин мақола, яъне мақолаи Ёсинхони Ниёзӣ «нуқтаи дигар зикри маснавии Бедил аст ба номи «Гули зард», ки иншооллоҳ, дар мабҳаси манзумот дар рисолаи ҷудогона аз ин сухан хоҳем ронд» (Файзи қудс, с. 92).
Мурод аз рисолаи ҷудогона рисолае дар назар аст, ки устод Халилӣ мебоист дар бораи осори манзуми Бедил таълиф мекард. Ӯ аз ин тасмими худ дар рисолаи «Файзи қудс» чунин хабар додаст: «Агар тавфиқ рафиқ шуд ва фураст даст дод, рисолаи дигари худро дар мавриди манзумоти вай (Бедил – Б.Р.) хоҳем навишт».

пешина
аз 250
навбатӣ