Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале, чунон ки медонем, ин мақсади наҷиби устод Халилӣ амалӣ нагрдид ва назари ӯ доир ба ин асар иброз нашуда монд.
Аз маснавии «Гули зард» Саъид Нафисӣ дар муқаддимаи рисолаи Файз Муҳаммадхони Зикриё «Бедил чӣ гуфт?» (Теҳрон, 1334), Холмуҳаммади Хаста дар рисолаи «Мунтахабуззамон Абдулқодири Бедил» (Жувандин, Кобул, 1342 № 4 - 19), Муҳаммад Ҳусайни Розӣ дар мақолаи «Дӯш дар маҳфил ба ранги шамъ ашкам мегирист» (Адаб, Кобул, 1365, № 4) ва муаллифони «Таърихи адабиёти мусулмонони Покистону Ҳинд» (Лоиҳа ва забони урду) низ ба ҳайси як асари мустақили Бедил ёд намудаанд. Чунончи Холмуҳаммад Хаста навиштааст: «Бедил маснавие ба номи «Гули зард» ҳам дорад. Лекин дар куллиётҳое, ки ба назари ин ҷониб расида, дида нашуд».
Илова бар муҳаққиқони мазкур боз се нафари дигарро метавон ном бурд, ки аз «Гули зард» ёд кардаанд. Инҳо иборатанд аз Абдулғанӣ – соҳиби рисолаи ҷомеъи «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351), Асадуллоҳ Ҳабиб – муаллифи рисолаи «Бедил ва асари ӯ «Чорунсур» (рисолаи номзадӣ, М. 1973) ва Ғулом Мустафохон – муаллифи мақолаи «Таъйини таърихҳои осори Бедил» (Ориентал коллеӣ мегезин, Лоҳур, 1972). Ҳар сеи ин муаллифон дар ақидае ҳастанд, ки «Гули зард» бахше аз маснавии «Тури маърифат» аст.
Чунончи, Абдулғанӣ навиштааст: «Ба ақидаи ман, ин маснавӣ («Гули зард» - Б.Р.) аз тарафи худаш (худи Бедил – Б.Р.) дар «Тури маърифат» дохил гардида» (Абдулғанӣ. Аҳвол ва осори Бедил, с. 182).
Дар воқеъ, дар бахши хотимавии «Тури маърифат», ки аз фаслҳои «Дар сифати рафиқон», «Дар сифати боғ», «Дар сифати гулҳои боғ» ва ғайра иборат аст, фасле бо номи «Дар сифати суман» вуҷуд дорад, ки абёти зерин аз ҳамон ҷо иқтибосанд:
Дар он ҳолат ки шавқи шӯълапарвард
Зи ҳар барг интихоби доғ мекард,
Тапиш бар оташи дил рехт уде,
Ҳазорон сунбулистон кард дуде…
Тааммул решаи андеша бигсехт,
Ки ин тӯфони оташ аз куҷо рехт?
Тараддуд ҷодаи таҳқиқ паймуд,
Ба оташхонае пай бурд аз он дуд.
Қиёматгулбуне дар дида ҷо кард,
Ки ҳайрат ҷайби худдорӣ қабо кард…
Ниҳоле, к-аз ҳуҷуми шӯълаи дард
Тамошояш нигаҳро доғ мекард,
Чароғи ҳайрати он анҷуман буд,
Ба сурат доғу дар маънӣ суман буд…
Ҳавас девонаи такрор дарди,
Таманно масти истифсор гардид,
Ки эй улфаткаманди дилшикоре,
Самандарбулбули оташбаҳоре,
Ба қадри як шарар изҳор бихрӯш,
Ки даргирад зи номат пунба дар гӯш.
Чу ин ҳарф аз забони шавқ болид,
Зи ҳар баргаш диле гул карду нолид,
Ки аз найранги тимсолам мапурсед,
Қиёмат мекунам, ҳолам мапурсед.
Ьама доғам, зи пову сар чӣ гӯям?
Кафе хокистарам, дигар чӣ гӯям?
Надонам, суратам ё маънии дард?
Гули зардам, гули зардам, гули зард.
(Куллиёти Бедил, ҷилди 3, Кобул, 1342, Тӯри маърифат, с. 44).
Дар баъзе нусхаҳои хаттии «Тӯри маърифат», аз ҷумла дар нусхаи хаттии № 1400 Институти шарқшиносии АИ Россия, фасли мазкури маснавиро бо номи «Дар сифати сумани зард» низ дидан мумкин аст.
Муаллифоне, ки «Гули зард»-ро бахше аз маснавии «Тури маърифат» донистаанд, ба ҳайси далели фикр, ғолибан, фасли мазкури «Тӯри маърифат», хусусан, байти «Надонам, суратам ё маънии дард,

  • Гули зардам, гули зардам, гули зард»-ро дар назар доранд. Ва ин тахмини онҳо аз воқеият дур нест.
пешина
аз 250
навбатӣ