ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Вале ба назари мо, масъала андаке дигархелтар аст. «Гули зард» бахше аз «Тӯри маърифат» набуда, балки худи «Тӯри маърифат» аст. Аниқтараш, «Гули зард» номи собиқаи маснавии «Тӯри маърифат» мебошад. Яъне вақте ки Бедил ба таълифи маснавии «Тӯри маърифат» шурӯъ намуда буд, ихтиёр дошт, ки номи онро «Гули зард» монад. Ин ақида бар ин далел аст, ки номаи дар боло зикршудаи Бедил аввалин номаест, ки баъд аз бозгашти шоир аз Байрот ба Деҳлӣ ба Шукруллоҳхони Хофӣ фиристода шудааст.
Барои возеҳтар шудани мақсад, сабаб ба шароити ба вуҷуд омадани «Тӯри маърифат»-ро ба хотир меорем.
Чунон ки аз «Чорунсур» ва «Руқаъот»-и худи Бедил бармеояд, ӯ дар соли 1096 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1685 милодӣ, тарки хидмати ҳарбӣ намуда, барои истиқомати доимӣ аз Матҳро ба Деҳлӣ омад ва бо кӯмаки Шукруллоҳхони Хофӣ ва падарарӯси ӯ Оқилхони Розӣ (ваоташ - 1696), ки ҳарду ҳам аз шоирони маъруфи аср буданд, соҳиби ҳавлӣ шуда, муқими шаҳри Деҳлӣ гардид. Ва тавре ки аз «Тӯри маърифат» маълум мешавад, пас аз гузаштани чанд моҳ, тахминан дар охирҳои соли 1096 (1685) ё ибтидои 1097 (1686) Шукруллоҳхони Хофӣ ҳокими вилояти Майвот таъин шуд ва Бедилро низ ҳамроҳи худ ба он вилоят бурд.
Бедил дар маснавии «Тӯри маърифат», ҷое ки дар сифати Байрот сухан меронад, дар ин бора чунин мегӯяд:
…Гули роёти Шукруллоҳхонӣ Ба фарқи он замин кард осмонӣ.
Мани бедил ба оҳанги дуъояш
Гирифтам тарфи домони ливояш.
Ба завқе илтифоташ аз худам бурд,
Ки осоиш ба рафторам қасам хӯрд.
Ба пойи шавқаш он ҷо сар кашидам,
Ба ин кайфият он соғар кашидам.
Мақоме ёфт шавқи ҷустуҷӯсоз,
Ки гардаш бо таҳайир буд гулбоз.
(Тӯри маърифат, нашри мазкур, с. 6).
Аз «Руқаъот»-и шоир бармеояд, ки вай дар Майвот бештари авқоти худро дар қасабаи Байрот сипарӣ менамуд. Дар номае, ки бо Шокирхон – фарзанди дуввуми Шукруллоҳхони Хофӣ – фиристодааст, дар ин бора ишорае рафтааст. Ӯ навиштааст: «Мегӯянд, дар кӯҳсори Байрот он қадар садо напечидааст, ки фарёди дилтапидани бедилон ба гӯши касе тавонад расид. Хулосаи шиква он, ки қосиди таваҷҷӯҳ ба ҳазор дашту дар медавонанд, гоҳе ба ҷониби мо ҳам санге биғалтонанд, ки аз пошикатаҳои сояи ин кӯҳем ва ба хок нишастаи ғубори ҳамин кулфату андӯҳ» (Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Руқаъот, с. 31).
Шукруллоҳхони Хофӣ то соли 1099 (1687-88), то замони ба фавҷдории Деҳлӣ табдил шуданаш ҳокими Майвот буд. Ин маънӣ аз қитъаи таърихе ки Бедил ба ин муносибат нивиштааст, маълум мегардад. (Ниг.: Куллиёти Бедил, ҷилди 2, Муқаттиъот, с. 134). Аммо Бедил пас аз муддати на чандон зиёд, тахминан пас аз ду-се моҳи иқомат дар Байрот, ба Деҳлӣ баргашта буд. Яке аз сабабҳои ба зудӣ баргаштани Бедил, чунон ки аз номаи мазкур бармеояд, хуб набудани вазъи саломатии ӯ будааст. Шоир ба Деҳлӣ баргаштан замон фикри ба силки таҳрир кашидани таасуроти худ аз ин сарзамин шуд. Ва ин корро бо таълифи маснавии «Тӯри маърифат» ба анҷом расонд.
Дар хусуси натиҷаи таасуроти сафари Байрот будани «Тӯри маърифат» ишораҳои худи шоир мавҷуданд. Ӯ дар номае ки «Ирсоли «Тӯри маърифат» ба Мирзо Муҳаммадамини Ирфон» унвон дорад, дар ин бора навиштаааст: «Боре аз сайри саводи Байрот раҳоваре, ки конеъони туҳафи маъонӣ ба қалиле аз ин пешкаш ки фоят тасаввур намояд, нусхаи «Тӯри маърифат» аст, ки дар таъмими ибораташ муддаъои хос мундариӣ тавон ёфт ва аз тахсиси маъниаш ҳақиқате ахасс метавон шикофт, ба хидмат хоҳад расид ва саломи ниёзе хоҳад расонд. Захираи мазомини шавқ бисёр аст, аммо фурсати арзи ҳузуре даркор. Умед, ки маънии орзуҳо ҷилваи иборат намояд ва сурати пардаи хаёл ба маърази вуқӯъ ояд»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё