ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
(Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Руқаъот, С. 37).
Дар муддате ки Шукруллоҳхон дар Майвот ҳокимият мекард, дар байн ӯ ва Бедил алоқаи мактубӣ вуҷуд дошт. Дар «Руқаъот»-и Бедил чандин нома мавҷуд аст, ки дар ҳамин давра аз Деҳлӣ ба Майвот ирсол шудааанд, Руқъаҳои «Муборакбоди ид, ба Шукруллоҳхон», «Ба Шукруллоҳхон, ки таърихе барои назм фиристода буданд», «Ба Шукруллоҳхон дар арзи анҷоми нусхаи «Тӯри маърифат», «Ба Шукруллоҳхон, дар арзи таърихи фатҳ ва инфиъоли таърихи фатҳи Хонихонон, ки ба ҳасби иттифоқ бар забон гузашта буд», «Ба Шукруллоҳхон, дар арзи сиҳати худ ва изҳори назми «Гули зард» аз ҷумлаи он номаҳо мебошанд. Аз шаш номаи мазкур нахустини онҳо, чунон ки гуфтем, номаест, ки дар он аз оғози таълифи «Гули зард» сухан рафтааст. Ин маъниро аз бахши авали ҳамин нома пай бурдан мумкин аст. Шоир дар ин ҷо навиштааст» «Ҳосили арзи нотавониҳо он, ки баъд аз расидани Норнавл бе тааммул ба истиқболи фасд шитофт ва ба таваҷҷӯҳи сомии эшон тахфифе дар тасдеъи табиъат маҳсус ёфт. Агарчи аз мусҳил низ имдоди заъфҳое дар назар буд, аммо ба муқтазои ҳарорати ҳаво ҷӯръат нанамуд. Ба ҳар ҳол зиндагӣ моддаест, ки хун рехтан тахфифи иллатҳои ӯ дида омад ва захми ништар шарбати шифои он фаҳмида. Беш аз ин ба заҳмати тадбир напардохт ва фурсатро масруфи такалифи дигар насохт» (Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Руқаъот, с. 71).
Тавре ки мебинем, Бедил ҳодисаеро нақл кардааст, ки ҳангоми яке аз сафарҳои ӯ ба вуқӯъ пайвастааст. Аввалин минтақае, ки Бедил дар ин сафар аз он убур намудааст, Норнавл аст ва Норнавл мавзеъи дигарест аз вилояти Майвот, ки дар роҳи байни Байрот ва Деҳлӣ воқеъ гардидааст. Аз тарҷимаи ҳоли Бедил медонем, ки ӯ ба Байрот ҳамагӣ як бор сафар кардааст.
Таърихи ин сафар, чунон ки гуфтем, охирҳои соли 1096 (1685) ё ибтидои соли 1097 (1686) аст. Пас воқеъаи убур намудани шоир аз Норнавл ҳини бозгашти ӯ аз сафари Байрот рух додаст. Ва чунон ки гуфтем, раҳоварде ки Бедил аз сайри Байрот ба Деҳлӣ оварда буд, маснавии «Тӯри маърифат» аст. Яъне ҳам «Гули зард» ва ҳам «Тӯри маърифат» натиҷаи таасуроти сафари Байрот мебошанд. Чун дар хусуси асари мустақил будани «Гули зард»
санаде мавҷуд нест, тахмин намудан мумкин аст, ки «Гули зард» ва «Тӯри маърифат»
унвонҳои як асар мебошанд.
Дар ин бора, яъне дар бораи як чиз будани «Гули зард» ва «Тӯри маърифат», ишораи дигари шоир низ шаҳодат медиҳад. Ӯ дар номаи мазкур аз таҳрир баромадани 150 байти «Гули зард»-ро таъйид намуда, илова кардааст, ки ин байтҳо мунтазири мутолеъаи Шукруллоҳхон мебошанд: «Иқболи рангиниҳои ин гулдаста мунтазири нигоҳи маънибин аст ва меъроҷи хуррамиҳои ин гулбун мавқуфи му толаъаи баҳорофарин».
Яъне Бедил аз оғози эҷоди асаре хабар медиҳад, ки аз нияти таълифи он Шукруллоҳхон огоҳ аст ё худ дар асари хоҳиши ӯ эҷод мешавад. Ва асаре ки бо хоҳиш ва ё дархости Шукруллоҳхони Хофӣ навишта шудааст, «Тӯри маърифат» аст. Дар ин хусус ҳам дар худи маснавӣ ва ҳам дар «Руқаъот»-и шоир ишораҳо мавҷуданд.
Хулоса, мактуби зикршудаи Бедил нахустин номае мебошад, ки пас аз бозгашти ӯ аз Байрот ба Деҳлӣ ба Шукруллоҳхони Хофӣ ирсол шудааст ва зикри «Гули зард» дар ин нома аввалин ишораи шоир ба маснавии «Тӯри маърифат» аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё