ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
«МУҲИТИ АЪЗАМ» ВА ТАЪРИХИ ТАЪЛИФИ ОН
Маснавии «Муҳити аъзам» аз ҷумлаи бузургтарин асарҳои манзуми Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) ба шумор меравад. Маснавӣ дар жанри соқинома таълиф шуда, умдатарин хусусиятҳои ин жанрро инъикос намудааст. Бедил дар яке аз номаҳояш ба хусусияти жанрии он чунин ишора кардааст: «Муҳити аъзам»-ро, ки соқиномаест мухтареъи афкори дуъогӯ, бо мунтахабе аз ғазалиёти хаёлрангубӯ василаи омурзиш тасаввур намуда, ба боргоҳи қабули маъзарат фиристод» (Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Кобул, 1344, Руқаъот, саҳ. 12).
Дар баъзе таълифоти илмӣ, аз ҷумла дар асарҳои Эдвард Эдуардс «Феҳристи китобҳои чопии Музеи Британия» (Лондон, 1922) ва Хонбобо Мушор «Феҳристи китобҳои чопии форсӣ (ҷилди 2, Теҳрон 1342, саҳ. 2359) «Муҳити аъзам»-ро бо номи «Соқинома» низ дучор омадан мумкин аст.
Муаллифи рисолаи «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул, 1351) Абдулғанӣ навиштааст, ки Бедил маснавии «Муҳити аъзам»-ро бо номи «Баҳория» низ зикр намудааст.
Воқеъан, шоир дар «Чорунсур» зимни ёдоварӣ аз рисолаи «Баҳористони ҷунун», ки бахте аз «Чорунсур» аст, аз «Муҳити аъзам» ёд кардааст. Ӯ навиштааст: «Фасле ки баҳорияи «Муҳити аъзам» ба назми тартиб расид ва нахлистони фавоидаш ба нашву нумӯи таҳрир сар кашид, баъзе дӯстон, ки ба муқтазои майлони табиъат аз рағбати назм ба завқи иншои наср мепардохтанд, муҳаррики силсилаи шавқ гардидаанд, ки аз ин олам насре агар ба рақам тавонад омад, нӯги хома бояд афшонд ва ба резиши ин ҷуръаи бепарво насибе ба ошуфтадимоғон низ метавон расонд. Ба таклифи ариза ночор ранги саводе аз ки лки хаёл берун рехт ва ба оҳанги «Баҳористони ҷунун» шӯри таҳрире барангехт» (К.Б. Ҷилди 4, Чорунсур, саҳ. 214-215).
Вале ба ақидаи мо, ин ҷо мурод аз «баҳорияи «Муҳити аъзам» худи асар набуда, балки қисмати ба тавсифи баҳор бахшидаи он аст. Ин маъниро мазмуни «Баҳористони ҷунун», ки саропо аз тавсифи баҳор иборат аст, тасдиқ менамояд.
Илова кардан лозим аст, ки бахши дигари ин асар бо номҳои «Савганднома» ва «Қасамия»
низ маъруф аст.
Ҳоло таҳлили муфассали маснавиро ба замони мувофиқтаре мавқуф гузошта, танҳо дар хусуси ду масъала-сохту мундариҷа ва таърихи таълифи он таваққуф менамоем.
Пеш аз он ки ба шарҳи масъалаи якум шурӯъ намоем, хотирнишон месозем, ки аз маснавии «Муҳити аъзам» ду вариант ё худ ду таҳрир мавҷуд аст. Яке варианти комил, ки беш аз шаш ҳазор байт дорад, дигаре варианти мухтасар, ки тахминан аз ду ҳазору панҷоҳу чанд байт иборат аст. Муаллифи «Сафинаи Хушгӯ» Биндробандоси Хушгӯ, ки ҳаҷми асарро ду ҳазор байт навиштааст, зоҳиран, варианти мухтасари онро дар назар дорад.
Муқоисаи ҳарду варинти маснавӣ нишон дод, ки онҳо матнҳои комил ва ноқиси як таҳрир набуда, балки дар давраҳои гуногун иншо шудаанд. Аксари нусхаҳои хаттӣ ва тамоми нашрҳои сангии маснавӣ аз таҳрири мухтасар иборатанд. Шумораи нусхаҳои хаттии таҳрири комил нисбатан камтаранд. Аз нашрҳои гуногуни асар танҳо се нашр – нашрҳои Кобул, Душанбе ва Теҳрон матни комилро дар бар кардаанд. Мулоҳизаҳои мо дар хусуси сохт ва мундариҷаи асар дар асоси нашри Кобул ба миён хоҳанд омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё