ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Лозим ба ёдоварист, ки дар хусуси ҳаҷми маснавӣ фикрҳои дигар низ мавҷуданд.
Чунончи, Ризоқулихони Ҳидоят дар «Риёзулорифин» (соли таъл. 1260-1844) ҳаҷми асарро се ҳазор байт ва Салоҳуддини Салҷуқӣ дар рисолаи «Нақди Бедил» (Кобул, 1343) 2270 байт навиштаанд. Устод Айнӣ ва чанд муаллифе, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд, дар кадом асос бошад, ки ҳаҷми онро нӯҳ ҳазор мисраъ, яъне 4500 байт гуфтаанд. (Ниг.: С. Айнӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сталинобод, 1954, саҳ. 73).
Матне, ки устод Айнӣ дар ихтиёр доштааст, нашри сафдарии куллиёти шоир аст. Ҳаҷми асар дар ин нашр, чунон ки гуфтем, ду ҳазору панҷоҳ байт аст.
Сохт ва мундираҷаи «Муҳити аъзам» Маснавӣ дар маъмултарин вазни соқиномаҳомутақориби мусаммани маҳфуз иншо шуда, аз муқаддимаи мансур ва ҳашт давр (боб) иборат аст ва чунон ки гуфтем, беш аз шаш ҳазор байтро дар бар дорад. Унвонҳои ҳашт даври асар бад ин шакл сурат гирифтааст:
Даври аввал: Ҷӯши изҳори хумистони вуҷуд.
Даври сонӣ: Ҷоми тақсими ҳарифони шуҳут.
Даври солис: Мавҷи анвори гуҳарҳои зуҳур.
Даври робеъ: Шӯри сарҷӯши майи файзи ҳузур.
Даври хомис: Ранги асрори гулистони камол.
Даври содис: Базми найранги асарҳои хаёл.
Даври собеъ: Ҳалли ишколи хаму печи баён.
Даври сомин: Хатми тӯмори такупӯи забон.
Тавре ки аз муқаддимаи маснавӣ бармеояд, он дар ҷавоби «Соқинома» ном таснифи Нуриддин Зуҳурии Туршезӣ (ваф. 1616) таълиф шудааст ва бар хилофи асари Зуҳурӣ, ки асосан мавзӯъҳои гуногуни дунявиро дарбар дорад, аз ҳама бештар масоили мухталифи тасаввуф ва андешаҳои орифонаи Бедилро инъикос намудааст.
Шоир ҳамин хусусияти маснавиро дар назар дошта, дар муқаддимаи он навиштааст:
«Аммо баъд бидон, ки ин майхонаи зуҳури ҳақоиқ аст, на соқиномаи ашъори Зуҳурӣ ва оинапардози кайфияти дақоиқ аст, на зангорфурӯши хумори бешуъурӣ». Дар муқаддима ҳамчунин таъкид шудааст, ки «ҳар бемағзро кайфияти муталлаъааш нашъаи тардимоғӣ нарасонад ва ҳар тунукзарфро паймонаи варақгардониаш ҷуръаи идрок начашонад, ки соғари гирдоб дархуи коми наҳанг аст, на сазовори ҳавсалаи мӯр ва қуллаи Қоф нишемани ҳиммати анқост, на камингоҳи афсур» (К.Б. ҷ. 3, Муҳити аъзам, саҳ. 3) Бедил дар ақидаест, ки шоироне ба монанди Бадриддини Ҳилолӣ (ваф. 1529), Зулолии Хонсорӣ (ваф. 1622), Солики Қазвинӣ (асри 17), Толиби Омулӣ (ваф, 1627), Сомити Исфаҳонӣ (асри 17), Шайдои Ҳиндӣ (ваф. 1670), Навъии Хубушонӣ (1562-1611) ва ғайра дар фаҳмидани матолиби ин асар оҷизанд. Ба мазмун ва мӯҳтавиёти он касоне ворид шуда метавонанд, ки табъи баланде чун табъи Салими Теҳронӣ (ваф. 1647) ва раъйи бехатое чун раъйи Соиби Табрезӣ (1603-1677) дошта бошанд. Ӯ навиштааст: «Ҳилолӣ дар андешаи ин сипеҳри камол чун моҳи нав борик аст ва Зулолӣ дар тамошои ин муҳити аъзам ба оби ҳасрат наздик. Солик, то таййи маротиби ирфон нанамоянд, аз ҷодаи истифҳоми он дур аст ва Толиб, то ба сарманзили камол нарасад, аз усули идроки он маъзур. Силии сити маъониаш табъи Сомитро ба хурӯш парварда ва гӯшмоли нағмаи алфазаш димоғ Шайдоро ба хуш оварда. Сурат пазирии шоҳиди мазмунаш бе оинаи табъи Салим муҳол аст ва маънинамоии саводи мактубаш бе шамъи раъйи соиб хаёл. Ин ҷо Навъии гӯё аз хамӯшон аст, на аз Хабушон ва минои қулқулнаво аз пунбабагӯшон аст, на аз маъниюшон (ҳамон ҷо, с. 4) Ба ақидаи муаллиф, матолиби ин асарро касоне дарк менамоянд, ки ҷуръае аз ҷоми Мавлавии Рум нӯшида ва бӯйе аз таблаи Фаридуддини Аттор бурда бошанд:
Касеро мерасад ишратнавоиҳои ин маҳфил,
Ки чун шамъаш нафас аз дил шарардарбор меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё