Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи бас яксар саводи хатти соғар равшан аст ин ҷо, Нигаҳ то пар занад, аз хонаи хаммор меояд.
Шунидан он қадар маст аст аз ин афсонаи ҳайрат, Ки пандорӣ, зи сайри олами дидор меояд.
Зи ҷоми Мавлавӣ гар ҷуръае бахшанд, дарёбӣ, К-аз ин майхона бӯйи таблаи Аттор меояд.
(Ҳамон ҷо, саҳ. 4).
Чунон ки гуфтем, ғояи асосӣ ва ҷавҳари аслии маснавиро ақидаи орифонаи шоир ташкил додаст. Ин ақида дар заминаи раванди пайдоиши оламу одам ифода шудааст. Шоир ҷараёни пайдоиши ба зинатҳои ҷудогона тақсим намуда, ҳар як зинаро дар боби алоҳидаи асар ба тасвир гирифтааст. Аз ҷумла, боби аввал (Ҷӯши изҳори хумистони вуҷуд) ба мавзӯъи нузули нафси кулл ва зуҳури олами моддӣ бахшида шудааст. Яъне, замоне буд, ки магар зоти якто чизи дигаре вуҷуд надошт. Ҷоми воҳидият ба завқи тамошои қудрати хеш ба ҷӯш омад ва дар натиҷа аносиру маволид ва дигар ҷирму ҷисмҳои осмониву заминӣ падидор гардиданд.
Як орзу аз сад сина сар баровард ва як оҳанг ба сад гӯш манзил кард. Аз ҳуми вуҷуд зарфҳои шуҳуд тартиб ёфт. Дар дили ин зуруф орзуи висол, майли расидан ба асли хеш пайдо шуд.
Бо як ҷилваи пири муғон ҷумла асрори мастӣ аён гашт ва дари майхона боз гардида, «қадаҳ дил, сабу ҷисму май рӯҳ» шуд ва тамоми мавҷудот масти бодаи беранг шуданд.
Боби дуввум (Ҷоми тақсими ҳарифони шуҳуд) дар хусуси зуҳури паямбарони гуногун ва чаҳор ёри паямбари ислом Муҳаммад баҳс менамояд. Аввалин касе, ки аз ҷоми воҳидият нӯш кард, ҳазрати Одам буд ва нахустин сухане, ки бар забон овард, таъбири «алҳамдуллилоҳ». Идрис дуввумин шахсе буд, ки ҷуръае аз ин бода насибаш гашт ва ба туфайли рӯй овардан бар дили хеш муқими боғи ҷинон гардид. Пас аз Идрис Нуҳ пайдо шуд ва тавассути ки штии худ аҳли имонро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ дод. Сипас Юнус, Иброҳим, Яқуб, Юсуф, Довуд, Айюб, Мусо, Исо ва Муҳаммад аз ҷоми воҳидият баҳраманд гардида, соҳиби мӯъҷизаҳои гуногун шуданд.
Мундариҷаи боби сеюм (Мавҷи анвори гуҳарҳои зуҳур) аз пайдоиши ақоид ва авзоъҳои мухталиф ва касбу пешаҳои гуногун ҳикоят мекунад. Ин гуногунӣ, ва мухталифият дар ду паймона камол, яъне эътидол ва нуқс-беэътидолӣ гардиш намуданд. Риъояти эътидол боиси хушбахтӣ ва беэътидолӣ сабаби бадбахтии олам ва оламиён гардид.
Боби чаҳорум (Шӯри сарҷӯши майи файзи ҳузур) аз ситоиши бодаи аласт ва орзуи баҳравар шудан аз он иборат мебошад.
Васфи баҳор, кайфияти чаман, таровати сабзаву гул ва ғайра, ки ба ақидаи шоир, ҳама таҷалиёти зоти бечунанд, муҳтавиёти боби панҷум (Ранги асрори гулистони камол)-ро ташкил додаанд. Дар ин боб инчунин зуҳду риё ва гуфтору ки рдори зоҳидон мавриди танқид ва мазаммат қарор гирифтаанд.
Дар боби шашум (Базми найранги асарҳои хаёл) сифати майхона, ситоиши ҷому мино, кайфияти дил ва найрангҳои он, васфи асбобҳои мусиқӣ-даф, най, чанг, танбӯр, қонун ва ғайра, ки ҳама тарҷумонҳои дил ба шумор мераванд, инъикос ёфтааст.
Боби ҳафтум (Ҳалли ишколи хаму печи баён) аз тарғиби худшиносии орифона, ситоиши хамӯшӣ, накӯҳиши тақлиду қиёс, мазамати даъвои беҳуда ва даъват ба гуфтани сухани тозаву бикр иборат мебошад.
Ва ниҳоят, боби охирин (Хатми тӯмори тагупӯи забон), ки хотимаи асар ба шумор меравад, васфи пон-як навъи дорувор ва маводи ҷудогонаи онро дарбар кардааст. Дар охири ин боб роҷеъ ба кайфият, иқтидор мартаба ва масъалаи ҷовидонии каломи бадеъ низ сухан рафтааст.

пешина
аз 250
навбатӣ