ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Ҳама қисмҳои маснавӣ бо муроҷиъат ба соқӣ шурӯъ мешаванд ва бо ҳамин хитоб ба итмом мерасанд. Шоир ба мақсади таъкид ва тақвияти ақоиди хеш аз ҳикоёту ривоёт ва латифаҳои чи халқиву чи китобӣ истифода кардааст. Дар байни ин қабил тамсилот ҳикоёти тӯлоние ба монанди қиссаи шоҳ ва ҷодугар мавҷуданд, ки бо хусусияти тасвиру вусъати воқеъот ва барҷастагии образҳо ба дараҷаи асарҳои мустақил бардошта шудаанд.
Таърихи таълифи маснавӣ. Дар хусуси таърихи таълифи «Муҳити аъзам» чунон ки хоҳем дид, фикри ягона вуҷуд надорад. Иллати ин ихтилоф он аст, ки қитъаи таърихе, ки дар муқаддимаи маснавӣ мавҷуд аст, дар нусхаҳои гуногуни он дар шаклҳои гуногун дарӣ гардидааст. Чунончи, дар нашри Сафдарии куллиёти шоир (Бамбай, 1299 ҳ.қ.) ва чанде аз нусхаҳои хаттии «Муҳити аъзам», аз ҷумла дар нусхаи хаттии № 381 Донишгоҳи Давлатии Санк-Петербург, нусхаи хаттии 1365 Институи шарқшиносии АИ Россия ва нусхаҳои хаттии № 128-7, 115-14 Архиви миллии Афғонистон, қитъаи мазкурро дар ин шакл дидан мумкин аст:
Ин нусха, ки аз хомаи илҳомрақам
Гардид мусаммо ба «Муҳити аъзам»,
Дарёфт дабири хирад аз рӯи ҳисоб
Соли таърих аз бинояш «мадди ғам».
Дар ин ҷо ибораи «мадди ғам» моддаи таърих аст, ки ба ҳисоби абҷад санаи 1084 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба солҳои 1673-1674 милодиро ифода менамояд. Ба қавли як зумра муаллифон, аз қабили тазкиранависии қарни XIX Абӯмуталлибхоҷаи Фаҳмӣ ва муҳаққиқи асри ҳозир Холмуҳаммади Хаста, маснавӣ бояд дар ҳамин сол таълиф шуда бошад (ниг. Тазкираи Фаҳмӣ, нусхаи хаттии № 2331 Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, Мавлоно Хаста, Мунтахабуз-замон Абдулқодири Бедил, маҷаллаи «Жувандун» 1342, № 15). Лекин дар нашри кобулии куллиёти Бедил (Кобул, 1341-1344) ва аксар нусхаҳои хаттии маснавӣ, аз ҷумла дар қадимтарин нусхаи хаттии он, ки дар соли 1099 (1688) ба дасти худи муаллиф китобат шудаасту дар Архиви миллии Афғонистон маҳфуз аст, моддаи таърих номи асар, яъне ибораи «муҳити аъзам» аст, ки ба адади 1078 баробар мебошад. Бино бар ин, гурӯҳи дигари муҳаққиқон, чун Шпренгер муаллифи «Феҳристи махтутоти китобхонаи ҳокимони Авадҳ (Калкутта, 1854), Абдулғанӣ муаллифи рисолаи «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул 1351), Нурулҳасани Ансорӣ муаллифи китобчаи «Баҳсе дар аҳвол ва осори Бедил» (Кобул 1363) ва ғайра, соли таълифи «Муҳити аъзам»-ро 1078 ҳиҷрӣ мутобиқ ба солҳои 1667-1668 милодӣ донистаанд.
Ақидаи саввуме, ки дар ин бора вуҷуд дорад, назари устод Айнист, ки таърихи эҷоди асарро 1092 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1681 милодӣ муъайян кардааст. Устод Айнӣ навиштааст: «Аз рӯи таърихи муъаммоӣ, ки муаллиф дар аввали ин асар қайд кардааст, таърихи таълифаш 1092 ҳиҷрӣ буда, ба 1681 милодӣ, ба 37 солагии муаллиф рост меояд, ки ба аҳволи рӯҳияи ҳамонзамонааш мувофиқ аст». (С. Айнӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сталинобод 1954, саҳ. 73).
Тавре ки мебинем, устод Айнӣ ба қитъаи таърихи таълиф ишора карда бошад ҳам, аз кадом моддаи таърих берун омадани санаи таълифро зикр накардааст. Нусхае, ки мавриди истифодаи устод қарор доштааст, нусхаи чопии нашри Сафдарии Куллиёти шоир аст ва чунон ки гуфтем, дар ин нашр моддаи таърих ибораи «мадди ғам» аст, ки ба адади 1084 баробар мебошад. Пас устод Айнӣ санаи 1092-ро бо кадом далел таърихи таълифи асар ҳисобидааст? Ба назари мо, устод дар мавриди истихроҷи таърих илова бар таъбири «мадди ғам» ибораи рӯи ҳисоб (дарёфт дабири хирад аз рӯи ҳисоб), яъне ҳарфи «ҳ»-и «ҳисоб»-ро, ки адади ҳашт аст, низ ба эътибор гирифтааст. Дар ин ҳолат, аз таъбирҳои «мадди ғам» (1084) ва рӯи ҳисоб (8) дар воқеъ, санаи 1092 берун меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё