Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Имкони бо ҳамин роҳ, яъне бо роҳи муъаммо, ифода ёфтани таърихи таълифро Холмуҳаммади Хаста низ гӯшрас намудааст. Ӯ баъд аз санаи 1084-ро таърихи таълиф ҳисобидан илова кардааст, ки «агар ба таъмиа бошад, ки аз рӯи ҳисоб гуфтаанд, «рӯи ҳисоб»
ҳарфи «ҳ» мебошад, ки адади ҳашт аст, дар ин сурат, 1092 мешавад. (Ниг.: маҷаллаи «Жувандун» 1342, № 15).
Бад-ин тариқ, сабаби гуногуни ақоид дар масъалаи таърихи эҷоди маснавӣ асосан дар ду шакл ифода шудани моддаи таърих аст, ки яке таъбири «мадди ғам», дигаре ибораи «муҳити аъзам» мебошад.
Дар хусуси он, ки кадоме аз моддаҳои таърих ба воқеъият наздиканд, ҳукми қатъӣ баровардан душвор аст. Лекин агар қадимияти нусхаҳои хаттии маснавӣ ба эътибор гирифта шавад, варианти дуввуми таърихи таълиф ба ҳақиқат наздиктар аст. Зеро, чунон ки гуфтем, дар қадимтарин нусхаи хаттии он моддаи таърих номи асар, яъне ибораи «муҳити аъзам» аст.
Вале бо вуҷуди ин, дар осори Бедил далелҳое мавҷуданд, ки дар ин сол низ анҷом пазируфтани маснавиро ба зери шубҳа мегузаранд. Чунончи, ду номае, ки Бедил ба Шукруллоҳхон ва писарони ӯ Шукруллоҳхони сонию Шокирхон навиштааст, ба ин маънӣ далолат менамоянд. Шоир дар ин номаҳо ду порча аз «Муҳити аъзам»-ро ҷой дода, факти ба тозагӣ эҷод шудани онҳоро таъкид намудааст. Номаи аввал, ки «Ба Шукруллоҳхон» унвон дорад, ин аст: «Арзи асрори убудият, ки то нафасе боқист, ҳар оне ба ранге ҷилвагар аст ва то рамақе аз зиндагист, ба таҷдиди аҷз ниёзгустар. Филҳол абёте, ки тозагиаш буйе аз олами таҳқиқ дорад ва махмури шавқаш соғари сархушиҳои ҳол мепиндорад, ба ҳавои борёбии маҳфили қабул арза медиҳад. Иқболоҳанги муталаъи маънинавоз бод:
Шаб аз офият даври ҷомам расид,
Зи авзоъи мастон паёмам расид,
Ки ҳар ҷо ба мизроби куру дин
Мухолиф навозад гумону яқин,
Найи гардани шиша дар даст гир,
Навоҳои ваҳми ҷаҳон паст гир.
В-агар шамъи имкон хамӯшӣ кунад,
Ҷаҳон ҷумла зулматфурӯшӣ кунад.
Найе соз кун, нури ҷовид бош,
Қадаҳ гир дар дасту хуршед бош.
(К.Б.ҷ. 4, Руқаъот, с. 55).
Унвони номаи дуввум «Ба Шукруллоҳхон ва Шокирхон» аст. Ин ҷо мурод аз «Шукруллоҳхон» Шукруллоҳхони сонӣ, яъне мир Лутфуллоҳхон писари бузурги Шукруллоҳхони Хофист, ки баъд аз вафоти падар ба хитоби ӯ сарфароз гардида буд. (ниг. К Б, ҷ. 2, Қитъаот, с. 133). Матни нома ин аст: «Дар арзи муротиби ниёзи он ду муттаҳид фарқу исният андешидан хиҷолати фаҳми яктоист ва дар сайри фироқи эшон ғайри якрангӣ ба рӯи кор овардан инфиъоли аҳваливу раъноӣ. Қитъаи «Муҳити аъзам», ки ба тозагӣ чеҳракушост, узри таъсири безабониҳо хоҳад хост:
Биё, соқӣ, эй офтоби яқин,
Таҷаррудбаёни китоби яқин,
Ки моро ба ҷавлонгаҳи эътибор
Нишондаст афсурдагӣ дар ғубор.
Сабукрӯҳие гар шавад шамъи роҳ,
Фалаксайрӣ осонтар аст аз нигоҳ.
Ҷаҳоне шуд аз норасоӣ ҳалок,
Фалак буд, агар бол медошт хок. »
(К Б. ҷ. 4, Руқаъот, с. 53).
Бояд гуфт, ки ошноии бевоситаи Бедил ва Шукруллоҳхон аз соли 1096 ҳиҷрӣ (1685 милодӣ) оғоз меёбад. Ин маънӣ аз мактуби дигари Бедил, ки «Ба Шукруллоҳхони сонӣ, дар азои реҳлати Шукруллоҳхон ва арзӣ беморӣ ва нотавонии худ» ном дорад, равшан мегардад.

пешина
аз 250
навбатӣ