ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бедил дар ин нома менависад: «Аз даст рафтани домани давлате, ки силсилаи мувофақаташ дувоздаҳ сол муҳаррики ишратоҳанги сози анфос буд, чашми ибрат якбора ба рӯи идбори танҳоӣ ва бекасӣ кушуд. На сӯҳбати мушфиқе, ки ба илоҷи тафриқаи дил тавон пардохт ва на тоқати ҳаракате, ки ба шуғли сайру сафар тарҳи оворагӣ тавон андохт» (К Б. ҷ. 4, Руқаъот, с.
82).
Чунон ки аз қитъаоти Бедил ва тазкираи «Сарви озод»-и Мирғуломалии Озод ба исбот мерасад, соли вафоти Шукруллоҳхони Хофӣ 1108 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 1696 милодӣ мебошад.
(Ниг.: КБ. ҷ. 2, Қитъаот, с. 153, Рубоъиёт, с. 168, Сарви озод, Ҳайдарободи Дакан, 1913, сат.
149).
Шоир дар мактуби иқтибосшуда ба муддати дувоздаҳ сол ба Шукруллоҳхон мувофақат доштан, яъне дӯсту ҳамнишин будани худро гӯшзад кардааст. Дар ин асос, чунон ки гуфтем, оғози дӯстӣ ва рафоқати онҳо ба соли 1096 рост меояд.
Фикри то соли 1096 (1685) миёни Бедил ва Шукруллоҳхон мавҷуд набудани ошноиро ин факт низ тақвият медиҳад, ки дар байни қитъаоти ба Шукруллоҳхон ва писарони ӯ бахшидаи Бедил танҳо як порчаро метавон пайдо кард, ки таърихи пеш аз соли 1096, яъне санаи 1094 (1683)-ро ифода намудааст. Ин қитъа таърихи биноест, ки тавассути Шукруллоҳхон сохта шудааст.
Қитъа ин аст:
Хони олиҷоҳи волоқадр Шукруллоҳхон,
Он ки болад неъмат аз номи ҳумоюнфоли ӯ,
Ин бино, к-оинадори файзи оми давлат аст, Сар ба гардун судааст аз сояи иқболи ӯ.
Хост Бедил аз хирад таърихи ин рифъатбино, Аз «дари файз» ошкоро шуд ҳисоби соли ӯ.
(К Б. ҷ. 2, Қитъаот, с. 136).
Тавре ки аз «Чорунсур» маълум аст, шоир дар ин вақт, яъне дар соли 1094 ҳиҷрӣ, дар шаҳри Матҳро зиндагӣ мекард ва ҳанӯз аз хидмати аскарӣ фориғ нагардида буд. Аз муаллифони тазкираҳо низ касе дар Матҳро маъмури вазифае будан ва ҳатто иқомат доштани Шукруллоҳхонро қайд нанамудааст. Аз ин рӯ, гумони ғолиб бар он аст, ки таърихи мазкур пас аз ошноии Бедил ва Шукруллоҳхон, яъне чанд сол баъд аз сохтани хонаи мазкур эҷод шудаааст.
Илова кардан лозим аст, ки дар нашри Кобулии куллиёти Бедил аз ду қитъаи ба Шукруллоҳхон бахшидашуда таърихҳои қабл аз соли 1096 бароварда шудааст, ки саҳеҳ нестанд. Қиъаи аввал, ки бо мисраъи «Хони хонони ҷаҳони фазл Шукруллоҳхон» шурӯъ мешавад, ду моддаи таърих дорад. Яке «ғазви аҷиб» ва дигаре «фатҳе шигарф», ки ҳар кадомаш ба адади 1098 баробар мебошад. Вале дар нашри мазкури куллиёт аз ин моддаҳои таърих санаи 1088 бароварда шудааст. Дар қитъаи дуввум номи Шукруллоҳхон сареҳан зикр наёфтааст. Аммо аз «Руқаъот»-и Бедил маълум аст, ки ин қитъа низ дар таърифи Шукруллоҳхон гуфта шудааст.
Матни қитъа ин аст.
Шукри худо, ки соҳиби моро зи фазли ҳақ
Ҷамъияти изофаи иқболи сармадист,
То шукри ин атия бурун ояд аз ҳисоб,
Таърихи ӯ «маротиби таъкиди эзидӣ»-ст.
(К Б. ҷ 4, Руқаъаот саҳ. 33).
Дар ин ҷо ибораи «маротиби таъкиди эзидӣ» моддаи таърих аст, ки санаи 1100-ро ифода менамояд. Дар нашри кобулии куллиёт аз ин моддаи таърих саҳван 1090 истихроӣ шудааст.
(К Б. ҷ 2, Қитъаот, с. 136). Сабаби ин саҳв дар он аст, ки калимаи «таъкид» дар ин нашр бо як «й» омадааст. Дар ҳоле ки ин калима бо ду «й» навишта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё