Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, то соли 1096 (1685) байни Бедил ва Шукруллоҳхон ошноӣ ва рафоқати бевосита вуҷуд надошт ва ду порча аз «Муҳити аъзам», ки ба ӯ ва писаронаш ирсол гаштааанд, баъд аз ҳамин сол эҷод шудаанд. Ва азбаски қадимтарин нусхаи хаттии «Муҳити аъзам» дар соли 1099 (1688) китобат шудааст, бо итминони комил метавон гуфт, ки таълифи ин асар байни солҳои 1096-1099 (1685-1688) ба итмом расидааст.
Аммо таърихи шурӯъ ба таълифи он санаи 1078 (1667-68) бояд бошад. Зеро, чунон ки гуфтем, дар қадимтарин нусхаи хаттии маснавӣ, ки ба дасти худи Бедил китобат шудааст, санаи таълиф 1078 аст. Бар хилофи нусхаҳои дигари маснавӣ, ки дар онҳо мираъи охири таърих дар шакли «Соли итмом ҳам номаш мадди ғам» аст, дар нусхаи мазкур ин масраъ дар шакли «Соли таърих ҳам ба номаш мадди ғам дарӣ гардидааст. Байни ибораҳои «соли итмом» ва «соли таърих» тафовути маъноӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Аз ибораи «соли итагар замони анҷоми ин ё он ҳодиса манзур бошад, аз таъбири «соли таърих» замони оғоз ё ибтидои онро фаҳмидан мумкин аст.
Бад ин тариқ, Бедил дар соли 1078 (1667-68) ба таълифи маснавӣ шурӯъ намуда, онро дар байни солҳои 1096-1099 (1685-1698) ба охир расонидааст.
Суоле ба миён меояд, ки сабаби беш аз 20 сол тӯл кашидани таълифи асар дар чист?
Аввалан, бояд бигӯем, ки муддати зиёде сари ин ё он асар кор кардан яке аз усулҳои кори эҷодии Бедил аст. Чунончи, ба гуфтаи худи ӯ, «Чорунсур» дар муддати 21 сол ва ба қавли Биндробандоси Хушгӯ, маснавии «Ирфон» дар тӯли 30 сол таълиф шудаанд.
Вале, ба ақидаи мо, сабаби асосии таъхир дар таълифи асар масруфи хидмати ҳарбӣ будани муаллифи он мебошад. Чунон ки дар мақолаи «Бедил ва муддати сипоҳигарии ӯ»
навиштаем, Бедил аз соли 1081 (1670-71) то соли 1096 (16850 дар хидмати Муҳаммад Аъзамшоҳ (1646-1707) ба сар мебурд. Муддати мулозимат дар саркори Аъзамшоҳ ба ду давра тақсим мешавад. Давраи аввал, ки аз соли 1081 (1670-71) то соли 1085 (1674-75) давом кардааст, замони хидмати низомии ӯст, ки дар Акбаробод ва Деҳлӣ сипарӣ шудааст. Бино бар ишораҳои тазкиранигорон, аз ҷумла Биндробандоси Хушгӯ, шоир дар ин солҳо, гӯё, дар вазифаи доруғагии кӯфтагархона (корхонаи аслиҳасозӣ) хидмат мекардааст. Давраи дуввум давраи хидмати бевоситаи ҳарбист, ки аз соли 1085 (1674-75) то соли 1096 (1685) дар мавзеъҳои Лоҳур, Ҳасанабдол, Гуҷарот, Деҳлӣ ва Матҳро ҷараён доштааст. Табиист, ки масруфият дар корхонаи аслиҳасозӣ ва махсусан хидмати ҳарбӣ имкон намедод, ки шоир ба таври дилхоҳ машғули кори эҷодӣ шуда тавонад. Бесабаб нест, ки ӯ дар ин муддати тӯлонӣ ягон асари бузург эҷод кардан натавонист. Маснавии нахустини ӯ «Тилисми ҳайрат» дар соли 1080 (1669-1670), яъне пеш аз замони навкарӣ, эҷод шуда буд. Маснавии «Тури маърифат» баъд аз истеъфо аз мулозамат, дар соли 1097 (1685-1686) навишта шуд. Ва ниҳоят, девони нахустини шоир низ дар байни солҳои 1096-1098 (1685-1687) мураттаб гардид.
МАЪХАЗИ ЯК ҲИКОЯТИ БЕДИЛ
Ҳодисаҳои адабие вуҷуд доранд, ки зуҳуроти онҳоро дар адабиётҳои гуногуни олам дидан мумкин аст. Дар таълифи ин ё он асар истифода кардан аз сужетҳои маълум аз ҷумлаи ҳамин гуна ҳодисаҳост, ки мисоли онро дар адабиёти форсизабон низ мушоҳада мекунем. Дар таърихи ин адабиёт ду тарз ё худ ду роҳи корбурд аз сужетҳои тайёрро метавон қайд кард.

пешина
аз 250
навбатӣ