ЗАМИНИ МОДАРӢ

Холаи Раҳима «Салоҳиддину Сафовиддинам!» мегуфту мегиристу байт мехонд:
Худо бигира ҳукумати балора,
Сутун задаю сим кашид дунёра.
Даговар бастай широи модговора,
Аскар мебара бачаи фақирора.
Холаи Раҳима вақти бурдани Салоҳиддину Сафовиддин то сари роҳи оҳани Янгибозор рафта будааст.
Бинобар ин, ҳар замоне ки поезд аз дуриҳо бӯғ мезад, ӯ ҳам ба забони печида фарёд мекашид, балки аз ҷигари сӯхтаю ҷоғури дамидаи ғамбодаи зери гулӯяш ӯ ҳам бӯғ мезад, ки:
«Э, бихезене, Салоҳиддинма бурдане, Сафовиддинма бурдане!
Э, доде, э, ҷавре, э, халқи худое!». Ва шайтонламишаш (саръ) мегирифту ҳамчун мурда дароз ба замин меафтод.
Баъзан баръакс, поезд, ки бӯғ мезад, «э, бихезене, аскарора овардане! Сафовиддинма овардане!» - гуфта, ҳамели дулонаю мағзу чағзашро канда-канда, чочиқӣ мепартофт.
Холаи Раҳима хазон шуд, борик шуд, ришта шуд, вале риштаи умедаш наканд. Ҳанӯз ҳамчун найзори хушкидае фиғон мезад, ки «э, бихезене, пойиз омаде! Аскарора овардане! Салоҳиддинма овардане, Сафовиддинма овардане!» Ӯ дигар наменамуд, арвоҳ шуда буд, танҳо фиғони ҷонгудозаш шунида мешуд.
Хати сиёҳи Салоҳиддину Сафовиддинро чанд сол баъд аз сари холаи Раҳима аз коғаздони идораи ҷамоат ёфтанд.
Он солҳо наҳсӣ болои наҳсӣ меомад. Ҳатто зимистон то гӯшаи бомҳо барф метапид. Аз лабгӯшаи бомҳо яхчоли кабуд овезон буд. Яхи новшараро агар бо табар мезадӣ, намешикаст. Аз сари ҳар боме кокули дуди сиёҳ, ғалапа дода, ба ҳаво мепечид. Махсусан, вақте ки печка пайдо шуд:
Даҳан кушода бухорӣ ба сони беадабон,
Сухан расида ба ҷое, ки чӯб мехоҳад.
Аз дасти ин печка дар қишлоқ чанору чормағзи ҷувозкундаю дар адирҳо дулона намонд. Қишлоқ ба пиракии дандонрехта монанд шуд.
Охирҳои чунин яхбандон, ки аз шӯшаҳои яхчоли овезон акнун қатра-қатра об мечакид, Фахриддину Садриддин бори осиёб бастанд. Борашон рези кетӣ-кетӣ буд. Яъне, сабадчаҳои ангурро қишлоқ ба қишлоқу хирман ба хирман «ангур рафт-е, ангур рафт-е!» - гӯён гардонда, ба рези ҷаву гандум иваз мекардем (бинобар ин, рӯзи ҷанозаи Темур Фахриддину Садриддин сарашонро ба дару девор зада, «ӯро ба нони кетӣ-кетӣ калон карда будем»
мегуфтанд).
Осиёб дур буд, дар лаби дарёи Кофарниҳон. Барои эҳтиёт дукаса мерафтанд, харакию аспакӣ. Аспашон – ҳамон аспи меросии падар, ки шеъри зерин дар бораи ӯст:
Аз рӯй-рӯи хотираҳои ҷавониам, Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар, Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз, Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар.
Пояш сафеду гардану пешонияш сафед, Соқаш дарозу тахтаи пушташ дарозтар, Зери шикам ба тахтаи пушташ кашида сахт, Чашмаш мисоли лахчаи сӯзанда дар назар.
То рӯи сина шаршараю обшори ёл,
То пушти пой шаршараю обшори дум.
Чун зарбаҳои набзи раги дасту пойи роҳ
Аз сангу хок мешунавам зарбаҳои сум.
Сар то қадам сарак-сараку резу печутоб,
Дар подаи касофати маркаб намечарад.
Аспи фариштае, ки саисаш фариштаест,
Шаб то саҳар фаришта қашоғӯш мезанад.
Дар ҳарду пойи ӯ падари ман кишан назад,
Дар банди пойи ӯ падарам ресмон набаст.
Дар кӯдакӣ шунидаму фарёд мекашад
Ин гӯши ман ба шиҳаи он аспи дурдаст.
Дар кӯдакӣ шунидаму аз ёди ман нарафт
Он шиҳаи азизи чиҳилсола бештар:
Як дам ба гӯш мерасад аз пуштаҳои дур,
Як дам ба гӯш мерасад аз кулбаи падар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё