Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ёдат ба хайр, бому дари кӯдакии ман, Кам нест дар хаёли ман афсонаҳои ту!
Марде, ки рафт аз бари мо дар ҷавониаш, Хоҳам, ки пир ояду ояд дубораду...
Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониам, Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар, Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз, Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар.
Тай шуд ҳазорҳо раҳу ҷуз дар раҳи хаёл Бори дигар надидамат, эй аспи бодпо!
Ту то куҷо давидию ку он савораат, Ӯро ту дар ҷавониаш афкандӣ дар куҷо?!
Лекин аспи падарӣ дар дасти мо дер напоист, ҳамчун аспи раисзеб ба раиси Раҳмон расид, ки гурум-гурум болою поён метохт ва хусураш - мӯсафеди Зиё байташ монда буд:
Бачаи тоқибахмал,
Тоқии бахмал ба сар,
Този боло, този поён,
Аспсуворӣ мезгара.
Он ҷонвар ба ӯ ҳам насиб накард. Чунки раисҳо тез-тез иваз мешуданд, албатта, бо саркафонию ҷоғу дандоншиканӣ. Раиси Раҳмонро дар мактаби мо бор бастанд дар маҷлис. Маҷлис шабона мерафт гирди чароғи лампа.
Ногаҳон касе чароғро пуф карду “Бзаненуш!” – гуфт. Ва дар як дам бузаш кашиданд.
Рӯзи дигар аспи мо ба Мухтори раис гузашт. Пас ба Қурбоналии сиёҳ ном раиси дигар ва ғайра. Охир шунидем, ки дар Яккабедқишлоқ ба ҷувозаоҳ бастаанд. Модарам гирён шуд. Вале айне, ки Фахриддину Садриддин осиёб рафтанд, ҳанӯз аспи мо буд.
Баъд аз пешин барф борид. Барфбод ғарғараю калоба мепечонд. Тавре ки зимистон рафтанӣ набуд. Осиёбакиҳо дер карданд, хонавода ташвиш шуд. Охунди Шариф, ки дар хонавода аз куҳнасаводон буд, Темурро паҳлӯяш шинонда, дафтар кушод. Ӯ моҳу рӯз мешумурд – «ҳаждаҳи бузкуш, дувоздаҳи кабки рав, ҳути пишак» ва Темур менавишт.
Мегуфт, ки баъзан:
Ҳут агар ҳуттӣ кунад,
Кампира дар қуттӣ кунад.
Яъне, аз шиддати сармо кампир дар қуттӣ ҷо мешавад.
Ҳамчунон гуфтанд, ки баъзан:
Дар вақти гули кавар
Яха задан ба табар,
Э бобои бехабар,
Арзан букор, арзан букор...
Ниҳоят натиҷа гирифтанд, ки поси шаб дар ҳисоби баҳор аст. Агарчи гуфтаанд:
Ҳуту Наврӯз
Чил кунда бисӯз,
Хоҳ шаб гардӣ, хоҳ рӯз.
Ба ҳар ҳол, пас аз поси шаб, агар дар дашт монда бошанд ҳам, зинда мемонанд.
Дари моро, ки лату паташ хаста будем, гурги масти шамол ханҷор мезаду нӯла мекашид, нӯла мекашиду ханҷор мезад. Охир, қӯри хокистари сандалиро бо халакови (оташкоб) пойҳоямон кофта-кофта ба ҳар тараф ғелидем.
Саҳар соате бедор шудем, ки аспамон аз газаи Олучамазор шиҳа кашид. Одати он ҷонвар ҳамин буд, аз газаи қишлоқ ки медаромад, албатта, шиҳа мекашид. То ҷилу ҷандаамонро ғундоштем, ки осиёбакиҳо ҳам расиданд.
Гӯё кундаҳои сиёҳи таре буданд, ки дуд мекарданду намесӯхтанд. Алахчаашон оҳаҳ забонашон намегашт.
Модарам ордоб пухта, ба ҳалқашон рехт.
Рӯзи дигар ба гап омада гуфтанд, ки бозгашт дар торикистони бефарёди дашти Кофарниҳон миёни барфбод монданд.
Ҷонварон дар замини шолипаяи фулх то таги шикам ғӯтида мерафтанд. Барфбод сӯзан зада, чашмашонро медӯхт. Ба сару рӯяшон шаллоқ мезад, ки ҷиз-ҷиз месӯхт.
Дар обу лой хелида-хелида ба қади дашти дароз кашолаашон мекард. Мегаштанду мегаштанду мегаштанду дашт тамом намешуд, чароғе наменамуд, саге намеҷакид.
Охир, аз гапу гӯ монда, ҳамчун кӯру кару гунг ихтиёрро ба улоғҳо доданд. Борашон ҳам дигар орд на, хамиру гундии шӯрида буд.

пешина
аз 110
навбатӣ