ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ва нохост, дар ин талвосаи ҳаёту мамот, яке зайли гургумеши саҳарӣ пеши назарашон сояравшан шуд. Шасти барфбор гашт. Улоғҳо ҳам истоданд. Сар бардошта, осиёбро диданд. Як дашти шолипояро аз қаду бар сум зада, боз ба дари осиёб омада буданд. Сохте, ки кӯрхаташон карда бошанд. Охунд гуфт: «Офтоб, ки як сари мӯ аз тарозу гузашт, шасти сармо мегардад: фарқ надорад, ки шаб аст ё рӯз».
3аминҷунбӣ ҳам офате буд ба болои офатҳои дигар, балое буд ба болои балоҳои дигар. Чуноне ки аз буғумдарду табларзаю табёзаю хамёза рагу пайванди кас ғиҷир-ғиҷир мекунад, аз заминҷунбӣ ҳам болору синҷу сутуни иморатҳо ҳамчун устухону рагу пайвандашон ғиҷир-ғиҷир мекарданд.
Шарақ-шуруқу ғиҷир-ғиҷири масҷиди чӯбкории куҳнаро аз дур мешунидем. Аз дару девору ғору ҷар, ки торс-торс мекафиданд, чанги хок мехест. Ҳатто гову мол дар саҳро сарчархак шуда, ба замин мехобиданд. Аз зери оғилхонаҳои вайрона ҳафтаҳои дароз хурӯсҳо мехонданд. Одамон бо кӯдаку гаҳвораҳояшон аз даричаҳо парида мерафтанд. Дар миёнаи ҳавлиҳо шаб то рӯз кундахара месӯхт. Аз чор тараф ҳаёҳӯ шунида мешуд.
Ман аз заминҷунбӣ бисёр метарсидам. Ҳамин ки замин рафт мегуфтанд, морвор печида чиррос мезадам. Ҷазабаи он тарс то ҳозир аз дилам нарафтааст.
Гургу шағолу рӯбаҳ низ ҳамчун касофате ба қишлоқ рука мекарданд. Аз мӯрию сӯрохии дару девор ба молхонаҳо медаромаданд. Ғояти ҷимҷими шаб аз гурсогурсу қиғу чиғ бедор мешудем. Дар рӯзи равшан ҳам бузу бузғолаҳоро аз дару дарвозаҳо мебурданд. Ҳатто аз дасти модарам бузғоларо кашида, гург бурд. Ҳатто боре ман ба подаи гург рӯбарӯ шудам.
Чоштгоҳе, ки дар ҳавои софи офтобӣ барфи навборидаи пахмоқии баланд мавҷак зада, чашмро мебурд, гове пешандоз аз Файзова хамидам. Пайи пойи гургу рӯбаҳу заргӯш барфро мухпар зада буданд, лекин ҷондоре наменамуд. Вале ба хамгаҳии хилвати қишлоқаки Қасамдара, ки хам хурдам, гов тур бардошт. Дар бармолии раҳ як пода гургро дидам, ки зайли пӯстакҳои рӯи замин густурда. То гургҳо бедору хушёр шуданд, ки гов думашро хода карда, ҳамчун тир аз пеши пояшон гузашта рафт.
Ман ҳангу даранг ба қафо гаштам. Ва ҳар қадам қаламбоқӣ хӯрда (бо сар ба замин задан) ба дунгии Қасамдара баромадам, ки аз он ҷо қишлоқ менамуд.
Бачаҳоро дидам, ки дар офтобрӯяҳо буҷулбозӣ мекарданд.
Ҳар қадаре чиғир задам, зунукам гирифта буд, ки саге ҳам наҷакид. Гуфторе, ман гунг будаму ҳама кар, сагҳо ҳам маро нашуниданд. Ҳамчунон пешпоию қаламбоқӣ хурда, аз дунгӣ хамидан гирифтам, ки назди бачаҳо равам.
Сиёҳхоракҳои тезе ҳамчун дандони гург сару рӯямро канда, чоруқҳоямро пора-пора мекарданд.
Яке касе чиғир кард. Ва аспакие намудор шуд, ки барфро чошу пош дода, аз пушти гургҳо медавид. Гургҳо меҷаҳиданд, айни пустакҳое, ки дар рӯи барф меафшонӣ. То ман хамидам, ки савора дур монд, на дидаму на шинохтам.
Ман пайроҳаи говро гирифта ба дӯлонаҳои қатор каҷ шудам, ки нишонаи раҳи қишлоқамон буданд. Он тараф дигар ободию амонӣ буд. Дами пешин ба хона расидам. Гов аз сари деворҳо хасу хошок кашида мехурд.
Рӯзи дигар овоза шуд, ки дар хами Қасамдара як сағераро гург хӯрдааст. Ҷандаҳояшро шикоракиҳо ёфта, дар шохи дулона кашол кардаанд. Баҳорӣ дар гарданаи ҳамон хам касе як сута сафедор шинонд, ки баъдҳо ҷангалак шуда, сафедорони гургхурда ном гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё