Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фикр дигар, маънию мазмун дигар.
Боғчаи мамлакати дурдаст,
Гашт ба ин суҳбати мо ҳамнишаст.
Суҳбати мо хуш буду хуш буд насим,
Боғ сафобахшу ҳаво буд ҳалим.
Ҳеҷ кас аз ҳеҷ касе дил наканд,
Чашми худ аз соҳиби манзил наканд.
Рафт чу аз маъракаи мо қамар,
Кард фурўзон рухи худро саҳар,
Дар кафи худ дошта ман ҷомро,
Ҷоми пур аз бодаи гулфомро,
Як-ду сухан хостам аз косагул,
Он сухан ин аст, ту ҳам кун қабул:
«Гар гузарӣ аз сари Қутби Шимол,
Аз сари дарё ту бароварда бол,
Гар гузарӣ аз сари чўли Ироқ,
Мисли ҷигарсўз навои фироқ,
Гар гузарӣ чун маҳи оламнамой,
Аз сари девори баланди Хитой,
Ғарб, агар Шарқ кунӣ ҷустуҷў,
Рўйи ҷаҳонро бикунӣ зеру рў,
Ҳеҷ наёбӣ ту дар ин моҳу сол
Одами хушбахти советимисол.
Аз Ватан он дур агарчи фитад,
Бо Ватан аммо нафаси худ кашад.
Рафта ба ҳар ҷо ки ниҳад пойи худ.
Дур кунад ғам зи қадамҳои худ.
Пас ҳама нўшем, рафиқон, шароб
Баҳри чунин одами олиҷаноб!»
1948

пешина
аз 143
навбатӣ