Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Силоҳбадасти хароби қадбаланд ба бобои Абдурасул, ки асо аз дасташ афтода, такя ба танаи дарахт меистод, рӯй овард:
– Кулчаю қанду мавиз гир дар як рӯймол, – суханони силоҳбадаст ба гӯши бобои Абдурасул намедаромаданд – нигоҳаш ба дегҳои ош. Холӣ шуда буданд. Мардум ош нахӯрдаанд. Дигар имкони аз нав ош мондан надоранд, биринҷу гӯшт намондааст. Чӣ кор кунад? Шарманда мешавад, тӯй кунию ба қавм ош надиҳӣ.
– Бобои Абдурасул, дар чӣ фикр ғалтидӣ? Гӯш кун, ба ҳар яки мо ҷома мепӯшонӣ, пул мепартоӣ, пул. Ош беарақу газак намешавад, гӯшти хом те, – силоҳбадастон ҷони бобои Абдурасулро ба нӯки бинӣ оварда буданд.
Дар миёни ҳавлӣ ҳам як шӯру мағал, ҷангу ҷанҷоле. Силоҳбадастон маъракаро вайрон карда буданд. Ҳофизону ҳунармандони ба тарсу ҳарос афтода, дар куҷо панаҳ бурданашонро намедонистанд. Духтараке, ки чанд лаҳза пеш, чи хеле мегӯянд, рӯи як танга бозӣ мекард, ҳоло худро ба танаи шавҳараш, ҳофизи ширинадо Холмӯъмин ҷафс карда, нафас намебаровард. Як ҷавони хароби миҷморук автомат дар даст назди онҳо омад.
– Чӣ хомӯш шудӣ? Ҳофизӣ намекунӣ? Моро одам намеҳисобӣ? Ба ту мегӯм, ҳофиз! Тора гир. Сар кунетон, – ба навозандагон ҳам амр дод. – Ту духтараки нағз, ин тараф биё,
– аз дасти раққоса гирифта миёни маърака кашид. – Ҳа, суруд, ҳа, мусиқӣ! – Фарёд зад. – Ҳай бале-а, ҳа, ҷонума, – гуфта худаш ба рақс даромад. Садои дилу бедилони ҳофиз аз маҷбурӣ баланд шуд, навозандагон ноилоҷ монда буданд.
Раққоса бо тарсу ҳарос даст меҷунбонд. Силоҳбадастон ҳама ӯро гирд карда, бенизому бетартибона пой мекӯфтанд, сар меҷунбонданд, рақс мекарданд. Ҳаёҳуяшон ба фалак, ҳар яке раққосаро пешгир мекард. Бешармона «ҳай, ҷонуме, ҷонум, ҷонуме…», – гуфта, духтарро ба канор мекашид. Духтар тоб наоварда дар ҷояш нишаст. Шавҳараш торро ба як тараф партофта хест, навозандагон аз асбобҳои мусиқӣ даст кашиданд.
– Бобои Абдурасул, бобои Абдурасул! – ҳофиз сӯхтапухта, сухан дар гулӯяш дармонда соҳиби тӯйро ҷеғ мезад.

пешина
аз 234
навбатӣ