Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ту, бобо, моро куҷо овардӣ? Чаро нагуфтӣ, ки деҳаатон тинҷ нест? Дурӯғ гуфтӣ, моро шарманда кардӣ, хонаамро сӯхтӣ, биё, биё. Моро халос кун. Шумо, одамони қишлоқ, чиба пеши инҳоро намегиред…
Дар ҷавоби ҳамаи ин зорию нолаҳо, завҷаашро пеши назари ҳофиз бетарҳу бесатр мекарданд, сару рӯи ӯро муштборон карданд, лати бисёре хӯрд, аз ҳуш рафт, афтод. Ҳамсари ӯраққосаро аз дасту пойҳояш гирифта бурданд. Илтиҷою зориҳои ӯ ба гӯше намедаромад. Дар хонаи тӯйдор ғирев хест, тӯйхона мотамкада шуд. Ҳама рафтанд, ягон-ягон мӯйсафед, кампири барҷомонда «чӣ замонаҳо шуде, чӣ рӯзи сиёҳе, тавба-тавба» гуфта, гиребон гирифта, асояшонро меҷустанд.
Ду-се мӯйсафед овозаи омад-омади устои чукбур Абдумалики болообиро шунида, тарафи кати лаби ҳавз мерафтанд.
Усто Абдумалик танҳо не, бо писари қумандонаш омада буд. Ана, ҳамин кори усто хуб набуда. Рӯзҳо пурхавфу хатар, Барзу ба болообиҳо ғузнадор. Худо бошад, ки ӯ нафаҳмад.
Бобои Абдурасул бо мӯи баданаш меларзид. Агар як гап шавад, ӯ дар ду дунё рӯсиёҳ мемонад. Духтараки раққосаро бурдани силоҳбадастон бас набуд? Сабақ нашуда? Ана, боз устои чукбур бо писараш омада. Аз ҳама бадаш ғамдарсари муаллими Хидиралӣ аз пагоҳӣ аз хонааш намеравад, гӯши хар дар ҳавлии ӯ ҷунбад, бо телефон, аз афташ, хабар медиҳад. Чорзону зада, болои катро иҷора гирифтааст, аз хӯрдан серӣ надорад. «Бобои Абдурасул, зихнагӣ накун. Худо ба ту тӯй лоиқ дидааст, дилта кушод гир, чизе, ки дорӣ, барор, садқаи сари набераҳот, ҳар рӯз дар хонаи ту тӯй намешавад, ки чалпак хӯрем, гир табақа!». – Табақи чӯбини калонеро, ки дар он шӯрбо оварда буданд, аз рӯи дастархон бардошта, ба бобои Абдурасул дода афзуд:
– Кабоба кашанд гӯй, баъд шиша холӣ шудааст, – шишаи арақро дар назар дошт. Муаллим сархуш шуда буд.
Ҳамин тариқ, вақте бобои Абдурасулу чанд пешхизмати дигар усто Абдумаликро пешвоз гирифта, ба рӯи кат ҷой нишон доданд, муаллими Хидиралиро Худо дод.
– Э, биёед усто, биёед, – оғӯш кушода, бо ӯ вохӯрдӣ намуда, – Омин, қадам расид, бало нарасад, муборакбодии тӯй, – гӯён муаллим даст ба дуо бардошт.

пешина
аз 234
навбатӣ