Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама омин гуфтанд. Баъд пурсупоси ҳамдигар сар шуд.
– Хайр, усто, дар ин рӯзҳои сахтӣ, дар ин рӯзҳои нооромӣ, дилгир нашуда гаштед? – пурсупоси муаллим давом меёфт. – Чӣ аҳвол доред? Саломатиҳотон чӣ хел?
– Шукр, ҳазор бор шукр, муаллим, – ӯ Хидиралиро мешинохт.
– Медонам, усто, ором нестед, ором нестед, рӯзи шумо ҳам мисли рӯзи мо, – Хидиралӣ идома дод гапро: – Ҳамин чанд лаҳза пеш дар ин ҳавлӣ қиёмате буд гӯям, бовар кунед. Тӯй калет шуд, силоҳдорҳо омада буданд. Артистҳоро ҳай карда бурданд, оши дегҳоро гирифтанд, мондагиашро ба замин чапа карданд, парон-парон.
– Наход ҳамин хел шуд?
– Ҳа, усто, аз дасти ин силоҳбадастони худозада рӯз надорем. Хун меандозанд, туфамон дар гулӯямон қоқ.
– Наход ҳамин хел? Наход ба тӯю тӯйдор кордор шаванд?
Наход намемонанд, ки мардум тӯю хурсандӣ кунанд? Хонаашонро Худо сӯзонаде!
– Чӣ, силоҳдорони деҳаи шумо ин хел нестанд?
– Нее, бачам. Ана, якеаш ҳамин ҷо, писари худам. Бовар накунӣ аз худаш пурс. Якта не, чор бачаам силоҳдоранд.
Инаш Ғафурҷон, қумандон аст.
– Медонам, Ғафурҷона. Шунида будам, бачаҳо гап мезананд.
– Бачаҳома лаҷомашон дар дасти худам. Намемонам, ки «силоҳ дорам» гуфта, ягон каса ранҷонанд. Инҳо мисли Барзуи шумо оқипадари худозада нестанд
– Хайр, амаки Абдумалик, гӯед, ки барои чӣ инҳо силоҳ гирифтанд, барои ба мардум хубӣ кардан?
– Бачаҳои Болооби мо барои муҳофизати аҳли деҳа силоҳ гирифтаанд, бо душман ҷанг мекунанд.
– Душман? Душмани шумоҳо кӣ?
– Намедонӣ, муаллим?
– Не, намедонам.
– Худата ба нодонӣ наандоз, душмани гандаи мо аз ҳама аввал сангрезиҳо, душмани мо Барзуи худоношинос – ва боз илова намуд: – Оқипадар.

пешина
аз 234
навбатӣ