Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Барзу одами хуб аст.
– Хуб аст? Ҳамин ҳозир чӣ гуфтӣ, муаллим? Гапта ду накун, корҳое Барзуи шумо мекунад, ягон бандаи мусулмон намекунад. Як-як мисол биёрам?
– Агар донед, гӯед.
– Мегӯям, ту гӯш кун, – даҳони усто Абдумалик гарм шуда буд. – Дар роҳи рост чанд гову гӯсола аз пеши мошинаш баромадааст, «бош, бош» гуфтааст, говҳо дум ҷунбондаанду гӯш, аз миёни роҳ нарафтаанд. Баъд шунидӣ, ки ин одам чи кор кардааст? Автоматро гирифта ҳамаи говҳоро бо гӯсолаҳошон тирборон кардааст…
Амаки Абдумалик дурӯғ намегуфт, аз бедодиҳои вай ҳамон мисолеро овард, ки лолазориҳо ҳама медонистанд. Вай аз муаллим суол кард:
– Нашунидӣ, ҳаждаҳ нафар ҷавонони болообиро асир гирифта, чӣ кор кард?
Аз ин ҳодисаи гӯшношунид ҳама огоҳ буданд. Онҳоро дар даруни кадом як гӯри танг қава карда, ҳар рӯз ду – се нафарашро мебаровард. Дар пойҳо кишан, дар дастҳо занҷир, ба ишкам гурусна, ба лаб ташна, дар ҳасрати об, ранги рӯйҳо парида, мисли дока сап-сафед, ришҳо расида, беҳол, бемадор.
Онҳоро худаш зада-зада, доду фарёдашонро бароварда, назди қатори наваскаронаш меовард. Ба дасти онҳо як-як камон дода мефармуд, ки паронанд. Лек ку ҷуръате бачаҳоро, ки одам паронанд. Ба замми ин аксари онҳо шиносҳояшон, ҷояш омада, ки бо ҳам даводавӣ, бозӣ мекарданд. Намехостанд, ки рӯ ба он бачаҳо тир кушоянд, онҳоро паронанд.
Баъд худи Барзу автоматро мегирифт, ба тарафи бачаҳо рост мекард.
– Очағарҳо, ана нигоҳ кунед, ки чи хел душманро мепаронанд! Бинед, ибрат гиред, чашматон пухта шавад, пагоҳ ҷанг рафтед, мисли ман шавед, бераҳм шавед. Раҳм дар ҷанг душмани худи кас, – Барзу боз ба ҳама фармоиш медод, ки рӯ ба бачаҳо истанд, нигоҳ кунанд, вале онҳо чашм мепӯшиданд, ягон-ягонашон медиданд, ки Барзу сари яке аз бачаҳои асирро нишон мегирифт, кулангро пахш мекард.

пешина
аз 234
навбатӣ