Ишқи сархӯр

Садои тир Дараи Маргро фаро мегирифт, аз дара акси садо меомад, боз садои тир ва боз садо…
Дараи Марг ҷои одамкушии Барзу буд, ки ҳоло болои сари Мустафо истода наззора дошт. Ӯ ғарқи обу арақ баҳри худ гӯр меканд.
– Ё муаллим, ман дурӯғ мегӯям? Вай ҳамаи бачаҳои моро ҳамин тавр накушт?
– Шояд, усто, ҳамин тавр шуда бошад. Лекин бачаҳои болообӣ ҳама малойикаанд? Силоҳро барои меҳрубонӣ гирифтаанд? – Хидиралӣ Барзуро ҷонибдорӣ кардан мехост.
– Агар кушта бошанд ҳам аз шумоҳо ёд гирифтагистанд, – амаки Абдумалик медонист, ки муаллим яке аз наздикони Барзу аст.
– Барои чӣ ин хел мегӯед? Мо аз Сангрез нестем-ку, – эътироз кард Хидиралӣ.
– Як гапат, муаллим, дуруст аст. Дар ҳақиқат силоҳро барои меҳрубонӣ кардан ба одамон намегиранд. Қурбонат шавам, рост мегӯӣ. Агар мара пурсӣ, муаллим, ягон силоҳдор ба ман намефорад.
– Бачаҳои худатон ҳам? Гуфтед-ку, чор бачаатон силоҳ гирифтаанд.
– Бачаҳои худам ҳам намефорама. Силоҳдорҳо ҳеҷ кадомашон хуб нестанд.
– Силоҳдорони ҳукумат ҳам? – муаллим усторо ба каҷроҳаҳо кашиданӣ буд ва ақидаашро дар ин масъала фаҳмидан мехост.
Амаки Абдумалик латифаи машҳури суол ба уштурро ба ёд оварда, мухтасар гуфт:
– Ба ҳар сеяш лаънат! – Уштур ғайри кӯталро баромадану фаромадан боз лояшро ҳам дар назар дошт. Ҳукуматиҳояшро ҳам рӯяш дар гӯр, силоҳбадастони дигарро ҳам, рӯяшон дар гӯр. Худоё, ягонтаашонро набинем, ҳамаашон кал додари кӯр, ҳамаашон ҷанг мекунанд, одам мекушанд…
– Ҳукуматиҳоро ҳам гуфтед? – боз ба сари мақсад омад муаллим.
– Ҳа, куштору ғоратгарии онҳоро ҳам дидем. Ё дурӯғ мегӯям, муаллим?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё