Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Намедонам.
– Медонӣ, муаллим, лекин балоӣ – ва усто Абдумалик давом дод: – Як чи мегӯям, муаллим, агар хоҳӣ, хабар бар!
– Ба кӣ?
– Ба Барзу.
– Ин хел нагӯед, усто.
– Мегӯям, мегӯям, ки ба ҳар ҳол ҳукуматиҳо дигаранд, ҷилави онҳо дар дасти ҳукумат, қонун, одамони бадаш рӯи рост ҳар кор карда наметавонанд. Калонҳояшон одамони мефаҳмидагианд. Аммо муаллим, бигӯ, ки ҷилави Барзуро кӣ мекашад, кӣ пишакашро пишт гуфта метавонад? Як одами якраҳа. Сари худу мулки Худо. Падараш вайро ба роҳ дароварда натавонист. Баъде, ки бачааш эшони Саидҷалолхон ва духтари ӯро кушт, дигар ба масҷид омада, қатори одамон намоз намехонад, аз маҷлису маъракаҳо рӯрам шуд. Аз рӯи бачааш дар хиҷолат аст, ба маргаш розӣ, дарун-дарун силу зардоб аст мардак.
– Бачаҳои шумо, одам намекушанд? – муаллим беш аз пеш аз ӯ гап гирифтан мехост.
– Намедонам, агар ин хел кунанд, дар қиёмат рӯсиёҳ мехезанд. Лекин муаллим, боз як чи мегӯям, ки бачаҳои болообӣ аз зӯромад, ночорӣ силоҳ гирифтаанд, чи хеле ки Барзу ба сари мардум рӯзи сиёҳ овардааст. Чи хеле, ҳозир худат гуфтӣ, ин хел нестанд. Деҳаи мо соҳиб дорад, силоҳдорҳо ба раиси маҳалла, муаллимон, имомхатиб гӯш медиҳанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ихтиёрдори маърака намешаванд, бо ҳукуматиҳо ҳам ҳаргиз ҷанг кардан намехоҳанд. Вазифаашон аҳли деҳаро аз ғоратгарон, аз Барзу, аз бачаҳои Саидхони чӯпон, боз аз кадом як дастаи силоҳдори дигар ҳимоят кардан. Худат медонӣ, муаллим, силоҳдорҳо ба мисли телпаки морак дар ҳама ҷо рӯидаанд, пур шудаанд. Як одамҳое силоҳ гирифтанд, як одамҳое, ки пеш қатиашон нон намехӯрданд, ба қатори одам набуданд.
Ҳоло онҳо бологузар, соҳиби гапу ҳарф, соҳиби деҳа. Ҳазрату боз чи номҳои болохонадоре ба онҳо нагузоштаанд, Ҳазрат-а?
Пеш як бузург, авлиё, анбиё, пайғамбаронро ҳазрат мегуфтанд. Ҳозир бачаҳои Саидхони чӯпон ҳама ҳазрат, дар сарҳо рӯймол, дар китфо автомат, дар чашмҳо айнак, мӯи сару ришҳо як дарза, – усто Абдумалик гуфта-гуфта, дилашро холӣ карда натавониста, боз ҳарфу суханро ба сари Барзу меовард.

пешина
аз 234
навбатӣ