Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Яктааш ана, ҳамин Барзуи худатон. Худро дар ин музофотҳо ҳоким хондааст. Ба номи Худо ин хел одами бераҳму хунхор дар ҳеҷ давру замон нагузаштааст.
– Саҳв мекунед, усто. Аз Барзуи мо ҳазор лой гандатарош ҳаст. Шумо дурро намебинед, пеши назаратон фақат ҳамин Барзу. Бадбинии одам ба одам ҳам ҳад доштагист. Аз омаданатон Барзу, Барзу мегӯед, менолед, – муаллим ҷонибдори Барзу буданашро изҳор кард.
– Дардатон кард, муаллим, оташин шудед? Шумо муаллими мактаб, тарбиятгари фарзандон, ки одамкушҳоро хуб гӯед, парастед, тарафашонро гиред, мадҳашон намоед, ситоиш кунед, дигар чӣ гӯям? Аз кӣ гиламанд шавем? Хуб мекунед, муаллими азиз. Шогирдонатонро дар ҳамин роҳи одамкушӣ тарбият кунед, балегӯй шавед, – усто Абдумалик аз ҷой бархост, фарзандаш ҳам дар паҳлуи падар рост шуд. Ранҷида буд, ки аз болои кат поён омад.
– Усто, ба хайр? Чӣ мекунед? – соҳиби тӯй бобои Абдурасул пеши роҳи ӯро гирифт:
– Куҷо?
– Аз шаб хеле гузашт, шаҳбачаро биёред, ё ба хона медароем? Дер шуд, бисёр пӯкида мондем.
– Наберача хоб аст, аз ҷониби дигар, хешу таборҳо ҳама рафтанд. Баъд, гуфтам-ку, падари бача наомад. Саҳар, баъди намози бомдод дасташро ҳалол кунем, мегӯям.
– Не, бародар, рафтанамон лозим.
– Ҳа, амакҷон, моро иҷозати рафтан диҳед, – фарзанди усто низ талаб дошт.
– Малол мешавам, додарам, Абдумалик. Бароҳат хоб кунед, ҷой кушод, дил кушод, як шаб ҳазор шаб не, – бобои Абдурасул пеши роҳи меҳмонҳояшро гирифта намегузошт, ки раванд.
– Ҳа, усто, амакҷон, – Хидиралӣ низ ба миён даромада якраҳагӣ мекард: – Усто, ҷон устоҷон, садқаатон мешам, пеши поҳотон мирам, наравед. Агар аз гапҳои ман ранҷида бошед, тавба мекунам, бахшиш мехоҳам.

пешина
аз 234
навбатӣ