Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нафаҳмида хело лақидам. Шумо хоб равед, аз роҳатон гардед, ҷон устоҷон, – муаллим то ҷоне дошт, золӣ қолӣ карда, усто Абдумаликро аз роҳ гардондан мехост. Як ӯ не, ҳатто модари шаҳбача, келини бобои Абдурасул ҳам аз хона баромада буд. Як одама одами бисёр, ки хоҳиш мекардааст, ба гапи онҳо моил мешудааст.
Усто ноилоҷ монд.
– Бачам, Ғафурҷон, – ба писараш муроҷиат кард усто, ту рав, бачам, паноҳат ба Худо, пагоҳ ҳам набиё. Худашон ягон мошин меёфтагистанд.
– Мошин? Мошин пур. Мошини худам, худам пагоҳи катӣ омада шуморо мебарам ва афзуд: – агар писар ҳам хоб мекарданд, хуб мешуд. Рафтани фарзанди усторо низ муаллим намехост.
– Чӣ мегӯӣ, бачам? Агар хоҳӣ, ту рав, – фарзандашро ҷавоб додан хост, вале ӯ розӣ нашуд:
– Не, додо, ман шуморо ин ҷо монда намеравам, ба ҳеҷ ваҷҳ, – гуфт ва давом дод: – ба фикри ман, дадаҷон, мерафтем беҳтар буд.
Соҳибони тӯй ва муаллим Хидиралӣ гапашонро гузаронданд.
Э, кош, ҳамин тавр намешуд.
Дар Дараи Марг ҳанӯз Барзу бо Мустафо дар гуфтугӯ, дар манша буд ва ӯ барои худ гӯр меканд, то ба сари қуллаи кӯҳ расидани офтоб андаке роҳ ва ба умри вай низ камтар аз дақиқаҳо мондааст, сипас ӯ аз олами равшан чашм мепӯшад, хайр мегӯяд бо азизон, бо модар, бо фарзандон не, бо офтоб, бо рӯзи равшан. Дар ин лаҳзаҳои охирёбии умри Мустафо Барзу ба ӯ гап заданӣ, дар дил гап дорад, гапҳое, ки дар ин олам ба касе намегӯяд. Ҳоло ба шахсе мегӯяду мегӯяд ва андаке сабукӣ ҳис мекунад, ки аз дасташ кушта мегардад.
Гапҳои вай дар дили Мустафо мемонанду дили ӯ дар зери хок.
– Ба ман нигоҳ кун, саратро бардор, – овози даҳшатноки қотил ба сари Мустафо баланд шуд.
– Лаббай.
– Ба он ду теппачаи таги тут нигар, дидӣ?

пешина
аз 234
навбатӣ