Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, дидам.
– Инҳо гӯри усто Абдумалику бачаи силоҳдораш, онҳоро ҳам ҳамон шаби Тӯйи бобои Абдурасул ҳамин ҷо оварда будам.
– Худатон?
– Ҳа, ба ту сад бор гуфта будам, ки касе ғайри ман ҳақ надорад аз силоҳдоронам, ки ин ҷо – дар Дараи Марг одам паронад. Худам ин ҷо меорам, худам. Ин ҷо қабристони душманони ман, яктоаш ту, хам шав, тез бош, гӯратро кан мегӯям.
– Хидиралӣ хабар дода буд, усто Абдумалику бачаашро? – Мустафо аз таърихи қатли онҳо огоҳ буд.
– Ҳа, ҳа, Хидиралӣ, бо далелҳо. Ҳақоратҳояшро дар телефон сабт карда наздам овард. Ман бе далелу бурҳон одам намекушам, гуноҳи мардака аввал ба гарданаш дайн мекунам.
Ҳақоратҳояшро ба гӯши худаш, бачааш шунавондам. Мардак лол монд, дар ҷояш шишт. Ту ҳам, муаллим, фаҳм, ки бегуноҳ нестӣ, туро ҳам бегуноҳ намекушам, ту хонаамро сӯхтӣ, ба дилам ханҷар задӣ, алам мондӣ, нангу номусамро барбод додӣ, кан, тезтар кан гӯратро, офтобро бин дар куҷо! – доду фарёди Барзу аз кину ғазаб баландтар гашт.
Мустафо боз пайи кандани гӯр шуд. Хок мебаровард, бо бел хокро ба дуртар мепартофту ба офтоби умраш дам ба дам дида медӯхт, гӯраш омода шавад ё нашавад, рӯзашро анҷом омадааст. Соя болои шохаҳои дарахтон мехамид.
Барзу чанд қадам аз Мустафо он сӯ теппачаеро бо нӯки пояш зад.
– Дидӣ?
– Ҳа.
– Ин гӯри кӣ?
– Намедонам.
– Ба ёд биёр, Сафаралии чилчанориро мо кушта будем. Вай ҳам дар маъракаҳо овоз бароварда, Барзуро ганда мекард.
Аҷали саг, ки расида будааст, ба девори масҷид шоша кард.
Бар падари Барзу лаънат гуфт, андеша накард, ба хаёлаш ин ҳақорати вай ба гӯши Барзу намерасад. Хато кард, гапашро нарезондаю ночаконда ҳарф ба ҳарф оварданд.

пешина
аз 234
навбатӣ