Ишқи сархӯр

Дар рӯи хонааш вайро парронданд, духтараш гиря карда маро дуои бад кардааст. «Хонаи Барзу сӯзад, рӯз набинад, бар падараш лаки андар лак лаънат» гуфтааст, боз бисёр, бисёр лақидааст. Беваро шаб аз бағали шаҳвараш бароварда овардам, – теппачаро боз чанд лагад зад. Он гӯри ҳамон зан будааст, ки дар рӯзи мурдаи падараш нолида-нолида, аз сӯзиши дил Барзуро дуои бад кардааст. Рост мегуфт: дар Чилчанор ҳамин хел воқеа рух дода буд. Мардум, зану мард, ба Барзу нафрат мехонданд, ки мушти пар – зани аламзадаро «ту ин гуфтию он гуфтӣ», – гӯён ба вай кордор шудааст, вайро паррондааст. «Бедодӣ, чӣ бедодие!» мардум ба шӯру ғазаб омада буданд.
Барзу боз ба сари Мустафо омад.
– Дидӣ, офтоб аз сари қулла мегузарад. Акнун ба ман гӯш деҳ, гуноҳҳоятро мегӯям. Ту аз ҳамаи онҳое, ки дар Дараи Марг куштам, гунаҳкортарӣ. Ба хотир гир. Ба ту ман дандон дорам, дандонгаз кунамат, дилам хунук намешавад, – чанд лаҳза хомӯш гашт, хомӯшии даҳшатангезе, чик-чики гунҷишкон ё хониши ягон парандае дар ин дараи сердолу дарахт ба гӯш намеомад. Парандагон ҳама аз ин ҷо кӯч баста буданд, об аз кӯҳ мешорид ва ба хаёли Мустафо садояш гум.
– Ту, директори мактаби Болообро ба мактаб баҳри чӣ даъват кардӣ? Маслиҳат доштетон? – Ба сухан омад бо қаҳру ғазаб Барзу.
– Хидиралӣ дар гапу ҳарфҳоямон ҳозир буд, гуфтагист.
– Гуфт. Ҳар ду аз дасти Барзу нолидед. Гуфтед, ки муаллимон муттаҳид шаванд, миёни халқ раванд, фаҳмонанд бедодиҳоро, онҳоро ба муқобили силоҳдорон хезонанд, ба шӯр оранд, пеши роҳашонро гиранд. Халқ қувваи бузург, вазифаи мо сиёҳу сафедро фаҳмондан. Хидиралӣ дурӯғ гуфт?
– Рост, – Мустафо ҳис кард, ки ҳазори андар ҳазор агар ба ин ҷоҳил гап фаҳмонад, беҳуда, хоҳ-нохоҳ ҳаёту зиндагӣ барои ӯ ба охир омада. Намеҳаросад, як ҷон бошад, рафт, ки рафт, мардона мурдан бояд.
– Қоил шудӣ?
– Ҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё