Ишқи сархӯр

– Ҳамон бегоҳӣ хонаи мо омадӣ?
– Бале.
– Чӣ кор доштӣ?
– Рӯзи Ғалаба бар фашизм буд, падаратро ба мактаб даъват кардам.
– Пурсидӣ, ки Барзу дар куҷо, кай меояд?
– Пурсидам.
– Чӣ гуфтанд?
– Гуфтанд, ки дар хона нестӣ, шаб ҳам намеоӣ, – Барзуро дигар шумо намегуфт Мустафо.
– Нағз, нағз, ки ба ту-ту гузаштӣ? Ҳа, хуб кардӣ, мардак шав, гӯй, ки ба ман чӣ кор доштӣ? Чаро «шаб меояд ё не», гуфта пурсидӣ? Мақсадат чӣ буд?
– Мехостам, ту ҳам ҳамроҳи падарат ба мактаб биёӣ.
– Баъд чӣ?
– Ба падарат боз як бори дигар гӯш диҳӣ, ки вай дар ҷанг чӣ қаҳрамониҳо нишон додаст. Ордену медалҳои ӯро боз медидиву, мефаҳмидӣ, ки падари ту чи касе асту ту худат чӣ одамӣ?
– Нағз, забон баровардӣ, фаҳмидам, дар дили ту чӣ гап аст.
Медонистам, душмани манӣ. Хидиралӣ беҳуда дар ҳаққи ту сӯхта-пухта гап намезад, рости гапро мегуфтааст. Ё дурӯғ?
– Рост.
– Рости гапро гуфтан гир. Ҳамон рӯз бо бачаҳои Саидхони чӯпон вохӯрдӣ.
– Ҳа, онҳоро дар мағозаи деҳа дидам. Салом карданд, салом гуфтам.
– Пичир-пичир маслиҳатҳо кардӣ?
– Одамон шоҳид, ки онҳо ба ман ҳамгап нашудаанд.
– Хидиралӣ дурӯғ мегӯяд?
– Вай кай дурӯғ гуфта буд? Ҳамаи гапҳояш ростанд.
– Хонаи маро кӣ оташ зад, кӣ завҷаи маро кори бад кард?
Дигар гап зада наметавонам, ба нангу номусам иснод омад, аз Осиямоҳ мондам, аз олам мондам. Баъди ин аз мӯи сарам зиёд одам кушам ҳам, дилам хунук намешавад. Яктоаш туӣ.
Гӯй, ҳамон шаб худат ҳам дар хонаи ман будӣ? Гӯй, ном ба ном гӯй, онҳо киҳо буданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё