Ишқи сархӯр

– Туҳмат мекунӣ.
– Аз тарси ҷон?
– Осиямоҳ ҳайф шуд.
– Ҳаминро медонӣ?
– Аз барои ту вай нобуд шуд, аз барои ту вай зинда намонд.
– Вай бовафо буд.
– Духтари Тағоймуроди заргар ҳам хушрӯ буд – ку?
– Ду рӯз бо вай зиста натавонистам. Медонӣ-ку, пеш кардам. Мисли Осиямоҳ дигар хона намеёбам. – Осиямоҳи ҳамсараш ба ёди Барзу расида, ашк дар чашмонаш ҳалқа хӯрд, аз кисааш рӯймолча баровард. Гӯё дар куҷо будан, чи кор карданашро аз хотир баровард. Дар хаёли ӯ рӯзҳои бо Осиямоҳ шинос гаштанаш аз нав ба ҷилва омаданд.
Барзу дар истгоҳи мошинҳо нигарони автобус буд. Омад автобус, то роҳ ба он ёфт, ки пур шуда буд, як ҷой дар бари духтаре, ӯ хушлибос, дар бар куртаи атласи шона-шона, сабзу гулобӣ, мӯйҳои сиёҳ гирди гардани сап-сафеди ӯ афтода. Дар ду бари рӯи гандумгунаш зулфонаш ҳалқа зада, вайро зеб дода, зеботар гардонда, мегӯӣ аз ӯ чашм наканӣ. Барзу бо як даст раваки болои сарашро дошта рӯ ба духтар истод. Автобус такон хурда роҳ гирифт. Барзу мувозинат гум кард, қарибе афтода боз рост истод.
– Шинед, – духтар нимхез шуда ҷой дод ба ӯ.
– Ташаккур, – таклифи духтар ба вай хуш омад, ба паҳлуяш нишаст. Роҳи автобус давом мегирифт, кӯчаҳои шаҳр, ки аз ду тараф дарахтони чинор болояшон соя андохта буданд, ақиб мемонд. Баъд автобус тарафи дасти чап гашта, аз роҳи шаҳр берун шуд, рӯ ба деҳаҳои бари кӯҳ мерафт.
Деҳаҳо аз дур гилемҳои сабзи хурду калонро мемонданд, ки ҷо-ҷо дар якбарагӣ густурда шуда, зери нурҳои офтоби бегоҳирӯзӣ назаррабо буданд, сари қуллаҳои кӯҳ барф, сапсафед метофтанд. Автобус ба сӯи ҳамин манзараҳои зебо мешитофт, мусофиронаш ҳама ҳаминҷоӣ. Дар ҳамин деҳаҳо чашм ба олам кушода, рӯз мегузаронданд. Ва ҳоло ҷониби хонаю ҳавлиҳояшон равонанд, назарҳо ба пеш, ба деҳаҳо, ғарқи тамошоанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё