Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гӯё деҳаҳояашонро бори аввал медиданд.
Аммо нигоҳи Барзу ба духтари зебои дарбарашбуда. Дастони ӯ то ба оринҷ урён, фарбеҳакак, сафед, каме офтобхӯрда, кафшҳояш қубадори зардӯзӣ, лозимии шерозадор, шерозаи гулдор, аз банди пойҳояш каме болотар лағжида. Ҳавас меояд, чашм мерабояд. Бо нигоҳҳояш Барзу гӯё духтарро хӯрдан мехост. Вай нороҳат гашта, худро аз паҳлуи ӯ дур мекашид, ба танаи мошин мерасид пайкари нозукаш. «Чӣ, аз ман хушрӯтаре надидӣ?» – дар дил аз зебоияш ифтихор мекард ва ҳам «беҳаё» мегуфт. Ва медид, ки Барзу ҷавони хушандом, ситорагарм. Ӯ бо нияти шиносоӣ лаҳза ба лаҳза ба вай гап меандохт.
– Шумо аз куҷо? Аз ҳамин деҳаҳои худамон? Мехонед?
Дар куҷо?
Духтар рӯй турш карда, пурсишҳоро беҷавоб мемонд. Дар дил ӯро «одами бад» ҳам мегуфт. Автобус ба чордевориҳое, ки як вақте оғилхонаҳои колхоз буданд, наздик шуд. Ногаҳон ҳама садои тир шуниданд, аз наздик, аз паси деворҳо. Ҳанӯз аз ҳарос ба худ наомада буданд, ки силоҳдоре миёни роҳро гирифт. Автоматро ба тарафи автобус гардонд, чанд тир ба ҳаво парронд, автобусро нигоҳ дошт. Вориди автобус гашт силоҳдор. Дар хаёли ронанда, ки ӯ ҳам як мусофире, мошинро ба роҳ андохтанӣ шуд.
– Ист, ҳай накун, дарҳоятро пӯш, – овози пурдаҳшаташ баланд шуд. Ронанда дар итоати вай монд. Силоҳдор дар бар либосҳои сиёҳ, ба рӯ ниқоби сиёҳ кашида буд. Чашмони оташбор ва бурутҳои сиёҳи болои лабон хамидааш аз паси ниқоб намоён. Аз пеши дар қадам бардошт. Мили автомат ба ҷониби одамон наздики Барзу ва духтар истод. Ду нафар, ки ҷой надоштанд, дар миёнҷои автобус даст дар равакҳои болои сар рост меистоданд.
– Ба ҳар дуят мегӯюм, ку ҷо ёфта бишине, – фармоиш дод ба онҳо. Итоат карданд, як-як ба паҳлуи нишастагон тана заданд.
– Бушнаве, ҳамаат бушнаве. якта-якта пешум омада кисаҳоро бутаконе, як сӯм намонда. Таъкид мекунум, огоҳ мекунум, агар ҷон буфора ҳамин хел букуне, як тин дар тан намоне.

пешина
аз 234
навбатӣ