Ишқи сархӯр

Агар не, мепаронум, фаҳмиде, падарлаънатҳо, занғарҳо! Аз ақиб пеш омадан гире, таъкид мекунум яктат, ки омаде, баъд дигарат бухезе. Ҳа, ҳамин тавр букуне. Зуд боше, лаънатиҳо! – саросема буд ӯ, бо ишорааш пиру ҷавон, занону кӯдакон наздаш меомаданд, як сӯм намонда пулҳояшонро пеши пойҳои вай мепартофтанд. Нафаре, ки ҷавони харобаи қадбаланде буд, кисаҳояшро кофта-кофта дертар пеши ӯ омад. Силоҳдор гумонбар шуда наъра зад:
– Ҳамаи пулҳоятро партофтӣ? Кобам? Пеш биё, лаънатӣ!
– Ака, не, ака, ҳозир, ҳозир, – гуфт ҷавон забонаш гирифтагирифта. Аз афташ чанд пуле пинҳон дошта будааст, ки бо дасту панҷаҳои ларзон кисаҳояшро мекофт.
– Пулҳоятро пинҳон кардӣ? Дилат нашуд? Акнун пулатро очаи зорат аз кисаҳоят мегирад, бачамой, мегӯяд. Фаҳмидӣ чӣ гуфтам? Дигар намефаҳмӣ, – тир кушод аз автомат. Ҷасади беҷони ҷавон миёни роҳрави автобус мехобид, хун аз баданаш ҷорӣ. Ба дигарон ибрат шуда, ҳама як пайса намонда, пулҳоро пеши силоҳдор меоварданд. Дар охир назараш ба Барзу хӯрд. Ӯ ҳам пулҳояшро баровард, духтар саросема сумкачаашро кофт.
– Ту пул наметеӣ, пул наков, худат ба ман лозимӣ, туя мебарем, арӯс мешавӣ. Чуҷанулӣ намекунӣ, агар бинг бугӯӣ сагвор мемурӣ, бухе, бухе! – духтар аз талхакафӣ худро гум карда буд. – Намехезӣ? – аз банди дасти ӯ гирифт, Барзу халалдораш буд. – Очағар, ту як тараф ист аз пешум, бухе, – гуфта, ба қундоқи автомат ба синааш фаровард. Барзу хест, силоҳдор пеш омада, духтарро тарафи дар кашид. Аз афташ ақлу ҳушаш ба ӯ рафта буд. – Биё, биё, занҷони ман, биё, – гӯён ба ғазалхонӣ даромад. Машғули кашокаши духтар буд, ки Барзу тирвор худро ба тарафи ӯ зад, ба сараш муште фаровард, ки дар ҷояш чанд печтоб хӯрд, автоматаш аз дасташ парид, ба дасти Барзу омад он, тир холӣ шуд ба сари силоҳдор.
Аз автобус ба берун кашид ҷасади ӯро Барзу, пеш-пеши по карда, ба даруни ҷӯи канори роҳ телааш дод. Ҳама ба ҳодисае, ки дар чанд лаҳза пеши назарҳо рух медод, сарфаҳм намерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё