Ишқи сархӯр

– Офарин, сад аҳсан ба бачаи бобои Абдукарими сангрезӣ, ҳазорҳо раҳмат бо фарзанди тарбияткарда, ба воя расондааш.
– Вай паҳлавон аст, дар гӯштин ҳамаро мезанад, гӯштинашро дидем, – сифатҳои неки вайро ба забон меоварданд.
Гӯё ба туфайли Барзу қиёмате, ки ба сари онҳо омада буд, барҳам хӯрд, шаби сиёҳашон ба рӯз расид. Ҳама ба рӯи мурдаи силоҳдор бо нафрати зиёд сангу кулӯх мепартофтанд, ба рӯяш туф мекарданд, дилашон хунук нашуда, сари мурда истода чи дашному суханҳои қабеҳе ба забон меоварданд. Оқибат мусофирон як-як дохили автобус мешуданд. Ҷасади ҷавонеро, ки ҳанӯз дар миёнҷои роҳрав мехобид, боэҳтиёт ва сӯзу гудоз бардошта болои нишастгоҳҳо хобонданд.
– Писари Олимхони сафедобӣ аст, ҷавони боодоб, беозор буд, ба касе кор надошт, ҳайф шуд, сад ҳайф, – мегуфтанд, – ана бинед, лаҳзае нагузашта Худованд ба сари одамкуш чи балое овард. Мавқуф ба охират нагузошт, худаш кушта шуд, силоҳаш бесоҳиб монд.
Автобус рӯ ба деҳаҳои таги кӯҳ мерафт. Ҳар кадоми мусофиронро ҳолате, мурда мебурданд, мурдаи дигаре дар даруни ҷӯй, пулҳои мардум аз сараш монд, автомату пулҳо дар дасти Барзу. Мардум пулҳояшонро аз дасти вай бояд бигиранд.
Мӯйсафеде, ки салааш болои абрувон хамида буд, аз нишастгоҳ бархост,
– Барзу, бачам, – боз такрор намуд ва афзуд: – Аҷаб коре кардӣ, ҳамаамона аз марг раҳондӣ, зӯр будаӣ, Худо ба ту қувват диҳад, ҳар чи пулакомона аз бағалаш гирифтӣ, насибаш накард, барака ёбӣ, бачам, пуломона те, дар ҳаққат дуо мекунем, ҳа, бачам, пуломона те, – боз такрор кард мӯйсафед.
– Чӣ хел пул, амакӣ? – чеҳраи Барзу ғазаболуд гашт.
– Пулҳои худамона.
– Ҳеҷ гуна пул мул нест. Шукр гӯед, ки зинда мондед.
– Бачам, шӯхӣ накун.
– Ман аз кадоми шумоҳо пул гирифтам? – ҷавоби Барзу ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Наход ин одам пулҳои онҳоро намедиҳад? Дар автобус ғалоғула хест, чанд нафар аз ҷой бархостанд:
– Барзу, шӯхӣ накун, те пуламона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё