Ишқи сархӯр

– Намедиҳам.
– Медиҳӣ, – мусофирон ба сараш хестанд, тарафаш омаданд. Аз гиребонаш гирифтанӣ буданд, Барзу автомат дар даст аз ҷой бархост:
– Ба Худо агар пеш биёед, мепаронам. Шумо зӯрҳои майдонғариб, чӣ ҳол доштед, дар ҷойҳотон тар карда шишта будед. Ман вайро задам, ман вайро куштам, пулҳоро аз вай гирифтам, аз шумоҳо не. Як тин намедиҳам, ман ҳам парронда метавонам, – ба сари ҳама доду фарёд бардошт, дашном дод онҳоро. Онҳое, ки ба сараш меомаданд, ақиб рафтанд. Ҳама хомӯш, сукут доштанд, аз теғи нигоҳи ғазаболуди Барзу, чи хеле, ки аз он силоҳбадаст тарсида буданд, меҳаросиданд.
Ҳис карданд, ки фарзанди бобои Абдукарими сангрезӣ, ки андаке пеш дуои ҷонашро карда буданд, шӯхӣ намекунад, вай низ аз он силоҳбадаст фарқе надошта. Ҳама хомӯшона, ба тақдир тан доданд.
– Тарсидӣ? – пурсон шуд Барзу аз духтар, ки дар рӯяш хун намонда, ҳанӯз аз тарс банди дилаш меларзид.
– Раҳмат ба шумо, маро халос кардед, ба ман умри дубора додед, шуморо ака мехонам.
– Ин тавр нагӯед, асло ин хел нагӯед. Ман шуморо дӯст доштам, ба маргам бозӣ кардам, барои шумо вая куштам, барои шумо!
– Медонам, ака, ҳазор раҳмат, ака.
– Гуфтам-ку, ака нагӯед, малол мешавам, қаҳрам меояд.
Ман аз шумо дигар чи мехоҳам, шумо акнун аз они худам, ҳа, ҳамин тавр… Ба ёд биоред, дар деҳаи худатон духтари магазинчӣ дар об ғарқ шуда буд, ҷавони ношиносе ҷонашро ба хатар монда, вайро аз дарё баровард, халос кард. Баъд дидедку падару модараш поку пиҳил духтарашонро ба ӯ бахшиданд, дар коса об монда ба вай никоҳ карда доданд. Магар ҳамин тавр нашуда буд?
– Ҳамин тавр шуда буд.
– Ба падару модаратон гӯед, ё худам пеши онҳо равам?
– Ҳоло, ака, ман ҳичи гуфта наметавонам, бовар кунед, ба худ нестам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё