Ишқи сархӯр

– Боз ака гуфтед? Гуфтам-ку нагӯед, ака нагӯед, – қаҳри Барзу омада буд.
– Хуб шудааст, дигар ака намегӯям. Шуморо малол намекунам, ака намегӯям, – такрор кард духтар.
– Ана акнун ба дили худам гап задед, хурд нестед. Ҳама чиро медонед. Чӣ ном доред?
– Осиямоҳ.
– Номи нағз, чандсола шудед?
– Ба бист даромадам, таваллудам соли 1973.
– Дар куҷо мехонед?
– Дар донишгоҳи омӯзгорӣ.
– Муаллима мешавед?
– Худо хоҳад.
– Нағз, Осиямоҳи ҷон, имрӯз 25-уми моҳи сентябри соли 1992, рӯзи таърихӣ, рӯзи кушоиши бахти мо, рӯзи шум ҳам буд, фаромӯшношуданӣ.
– Аз куҷо имрӯз аз хотири ман фаромӯш мешавад? Як умр агар ба хотир биёрам, аз тарс ҷон аз танам мебарояд, хайрият шумо будед.
– Барои ҳамин ҳам ман шуморо талабгор ҳастам, дар курси чандум мехонед?
– Дар курси сеюм.
– Иҷозат медиҳам, хонед.
– Ана, деҳаи шумо наздик шуд, хайр гӯям майлаш?
– Ман намефуроям.
– Барои чӣ?
– Ман шуморо то деҳаатон гусел мекунам, бонӣ мекунам.
Барзу дар айни талош ва гуфтугӯ бо Осиямоҳ буд, ки мошин кӯталро ақиб монда, ба роҳи як деҳаи рӯ ба рӯ даромаду баногоҳ муҳаррикаш аз ҳаракат бозмонд. Ронанда ҳар қадаре калидро тоб медод, натиҷа намедод.
– Чӣ гап, бародар, мошин вайрон шуд? – мусофирон аз ронанда беист мепурсиданд.
– Намедонам, техника аст, ягон гап шуд. – Ронанда аз пурсишу талабҳо ранҷида, аз автобус поён шуд, сарпӯши болои моторро бардошт. Мусофирон бетоқат шуда, ба сари роҳ баромаданд. Чанд мошини сабукрав дар роҳ пайдо шуд, ба деҳаи Болооб мерафтаанд, мошинҳои шиносу ошно, наздикони мусофирон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё