Ишқи сархӯр

Дар даруни автобус се-чор нафар мӯйсафедон монданд, ки болои сари ҷавони шаҳид меистоданд. Ва Барзую Осиямоҳ ҳанӯз паҳлуи ҳам дар гуфтугӯ буданд. Ҳарчанд Осиямоҳ ҳамроҳи ҳамдеҳагон рафтанӣ буд, вале Барзу намегузошт.
Таъмири мошин қариб як-ду соат давом ёфт. Ниҳоят, онро ронанда ба роҳ даровард. Вақте аз миёни деҳаи Барзушон мошин мегузашт, Осиямоҳ ба хотираш овард, ки бояд ӯ фурояд.
– Не, Осиямоҳи ҷон, ман намефуроям, шуморо то хонаатон мебарам, соқу саломат ба падару модаратон месупорам, баъд хоҳиш мекунам, ки духтарашонро ба ман бахшанд, охир ман ба вай ҷони дубора додам, одам куштам, вай аз они худам.
– Ин тавр нагӯед, – шилқинии Барзу ба дили Осиямоҳ сиёҳӣ оварда буд. Ба гуфтае аз борон гурехта, ба таги новадон монд. Гапҳои нофорами ӯро рад карда натавонист. Ҷонашро ба хатар монд, Осиямоҳ гуфт. Рост, ки одам кушт. Осиямоҳро аз чанголи он деви одамхӯр раҳонд. Дар ҷавоби ин ҷонфидоии Барзу ӯ чи гуфтану чи гуна хизмат ба ҷо оварданашро намедонист, наздаш лол монда буд. Чи рӯзе ба сари вай омада. Зиндагиаш ширину осуда буд, бо орзуҳо мезист.
– Беҳтараш шумо ба хонаи мо наравед, ҳамаашро худам ба падару модарам мегӯям. Онҳо маро ба як хешовандашон доданианд, худам ба онҳо мефаҳмонам.
– Барои шумо, Осиямоҳ, хун мерезонам. Шумо акнун аз они худам ҳастед. Ё нодуруст мегӯям?
Осиямоҳ ҷавоб нагардонд. Дар умраш дар масъалаҳои хонадорӣ ба ин тариқ бо касе дар гуфтугӯ нашуда буд, фикр ҳам намекард, ки ба шавҳар мебарояд ё на. Аммо ҳоло ин одам аз ӯ талаб дорад, «туро мегирам», мегӯяд, хонданаш лозим, «маълумотнок мешавам» гуфта, аз хонаашон баромада буд.
Автобус ба деҳаи Болооб расид, дар истгоҳи назди мағоза истод. Барзу ба бағали ронанда як қабза пул партофт, гуфт, ки интизор шавад.
Роҳи Барзу ва Осиямоҳ аз миёни боғу ангурзор, таг-таги дарахтон ба ҷониби хонаи онҳо шуда буд. Ҳар ду хомӯшона пай мечиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё