Ишқи сархӯр

Осиямоҳро хаёли гап задан набуд, боз дар ҳамон андеша, ки чи рӯзи нохуше барояш пеш омад, фалокат аз таги по хест. Ин одам ӯро гирифтанӣ, бе ишқу муҳаббат ва бе ягон гуфтугӯ. «Бар ивази некиам туро мегирам», мегӯяд.
Одамсавдо. Пул гӯяд, мошин гӯяд, садқаи сараш, доранд, падараш медиҳад. Қарздор намемонад. Баростӣ ки ин қадар одами хуб набудааст. Агар хуб мебуд, пули одамонро гирифта, ба сарашон силоҳ намебардошт. Бо вай ӯ чӣ гуна мезиҳад?
Номашро чӣ гуфт? Барзу? Номи ӯро шунидааст. Дар як тӯй, дар деҳаашон дар гӯштин қариб ҳамаи бачаҳои болообиро ғалтонда будааст, духтарон дар мактаб таърифаш карданд, инчунин гуфтанд, ки ҷавони зебо. Ана, ҳамон ҷавон дар назди ӯ, берӯ, беодоб, Осиямоҳро мегирам гуфта, аз пасаш кашола.
Гирумаш ҳамроҳаш, хонаашон равон аст. Ин хел нашуда буд, ҳаргиз, ҳаргиз. Аз канори девори гаштаи боғ, ки аз паси он оби ҷӯйча шилдирросзанон ҷорӣ буд, гузаштанд, ба роҳи хонаи Осиямоҳшон, ки аз ҳамаи хонаҳои аҳли деҳ баланд, гаҷкорӣ ва хело боҳашамат аст, даромаданд. Ба Худо шукргузор буд, ки падараш одами дорою бадавлати деҳа, як анбори пур аз меваҳои хушк, гандуму ҷав, биринҷу равған, боз ҳазор гуна маҳсулоти дигар дар ихтиёраш. Ҳама хушу осуда зиндагӣ доранд, падарро умеди зиёд аз фарзандон, аз Осиямоҳ, духтараш донишгоҳро тамом карда, мактаби деҳаро ихтиёрдор мешавад. Агар ӯ зинда бошад, ба ин орзуяш мерасад.
Наздиктари дарвозаи дутабақаи калони кандакорӣ мерафтанд. Ҳар ду табақаи он ба пушт кушода, қандилҳои сақфи дарвозахона то дуриҳо равшанӣ медоданд, равшанӣ ба пеши роҳ, ба чашму рӯи Осиямоҳу Барзу афтода. Падар дар тан ҷома ва амакҳояш ҳам ҳамин ҷо, онҳо чашм ба роҳи Осиямоҳ.
– Осиямоҳ? – овози падар баланд шуд.
– Лаббай, дада, – бо садои гиряолуд ҷавоб гардонд.
– Омадӣ? Духтари дадаш, омадӣ?
– Ҳа, дада, – Осиямоҳ баландтар гирист.
Модараш ҳам дар сар ҳамон рӯймоли пашмини сиёҳи гулдор, ки онро гирди фук печонда буд:
– Осиямоҳ, ҷон духтаракам, Осия, чӣ бало бар сари ту омад, духтарам!? Боз рӯям ба рӯи ту мезадааст, ман ба ту бимирам, духтарам, – модар навҳакунон пеш омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё