Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Осиямоҳ фиғон кашида, худро ба канори модар партофт.
– Оча, ҷон очаҷон, – аламҳояш тоза шуда мегирист.
Ба падару модар, ба кулли аҳли деҳа хабари нохуш кайҳо расида. Волидайни Осиямоҳ огоҳ гашта. Модару духтар гириста-гириста андаке дилҳоро холӣ карда, аз оғӯши ҳамдигар ҷудо шуданд. Модар сар боло кард, Барзуро дид, ки автомат дар китф назар ба онҳо дошт.
– Ин кас кӣ, Осиямоҳ?
– Барзу, барои ман қарибе нобуд шуданд.
– Барзу ҳамин кас? Одамон гуфтанд, – модар овозаашро шунида будааст.
– Биё, бачам, бар падарат ҳазор раҳмат, ту духтарамро аз дасти вай раҳондӣ. Дадаи Осиямоҳ! – шавҳарашро нидо кард.
– Чӣ мегӯӣ, очаш?
– Барзуро дидӣ? Ана вай, чаро наздаш намеоӣ? Ҳамин ҳоло дар суроғаш будӣ, «аспи бозину афзол, мошин медиҳам»
гуфта будӣ. Биё, пешаш биё, салом кун, фарзандам гӯй, – модар таъкид дошт падари Осиямоҳро.
– Бачам, Барзу, ҷавонмардӣ нишон додӣ, мардум гуфтанд.
Вай лаънатиро медонем, мардумро ба ҷонашон расондааст.
Вай якта нест, акаю додарош бисёранд, ҳамаашон бачаҳои Саидхони чӯпон. – падари Осиямоҳ даст ба китфи Барзу гузошт. – Аҷаб хизмате кардӣ, бачам, – гуфта давом менамуд падари Осиямоҳ ба суханаш. – Саркардаи бачаҳоша куштӣ, як мо не, тамоми мардум туро дуои хайр мекунанд, – падари Осиямоҳ аз дасти Барзу дошта, вайро назди як мошини сиёҳи напа нави «Крайслер» овард, дари онро кушод. – Ба Худо, бачам, ҳамин ҳафта аз магазин харидам, ҳоли савор нашудаам. – Занак, ҳой занак, очаи Осиямоҳ, – завҷаашро ҷеғ зад ва афзуд:
– Калиди мошинро биёр! – Лаҳзае нагузашта очаи Осиямоҳ хурсандона калидро овард,
– Ана, мардак, гиред. Хуб мекунед, ҳоло ҳам ин кам, як умр дуои неки ҷони Барзуро мекунем, – гуфта шодона калидро ба шавҳар дод.
– Марҳамат, – падари Осиямоҳ, калидро, ки дар равшании чароғ ҷило медод, ба Барзу дароз кард.

пешина
аз 234
навбатӣ