Ишқи сархӯр

– Раҳмат, амак, ҳазор раҳмат, лекин ман мошин намегирам,
– даст ба тарафи калид набурд Барзу.
– Мошина намегирӣ? О ин пули камутум нест, ҳисобашро дар назди мардум намегӯям, – падари Осиямоҳ ҳадяашро кам пиндошта, як бастаи долларро аз ҷайб баровард. – Хело пул аст, бачам, ба болои мошин. Розӣ шав, – гуфт.
– Мошину пул намегирам, аз шумо, амак.
– Чӣ мехоҳӣ, бачам? Ту хизмат кардӣ, фарзандмона аз марг раҳондӣ, Осиямоҳи мо ҷони дубора ёфт. Не нагӯй, бачам, ҳаққатро гир. Мо боз дар хизмат мешавем. Падаратро медонам, наздаш меравам, гӯсфанд мебарам, раҳмат мегӯям.
– Ман, амак, пулу мол намегирам, – такрор намуд Барзу.
– Чӣ мегирӣ, бачам? Гуфтам-ку, кам хизмат накардӣ, чашмат сер аст аз афташ, ҳазорҳо раҳмат бар падарат, ба ҳамин фарзанди тарбият кардааш – ва ӯ боз мегуфт: – Гир, бачам, шарм надор, гир.
– Ман, амак, як чӣ мегӯям.
– Гӯй, бачам.
– Осиямоҳро мегирам, – ин хабар мисли оби сарде аз сар то қадами падару модари Осиямоҳ шорид, ҳолашон намонд.
Латаашон ба об зад. «Ана ин одам чӣ мехостааст? Осиямоҳро мехостааст. Гапи беҳуда. На, на, Осиямоҳ соҳиб дорад, амакҳояш ҳастанд, хешовандон нангу номус доранд, ақлашонро нахӯрдаанд, гапи намешуданӣ. Одамони деҳаи Болооб кай ба сангрезиҳо духтар додаю духтар гирифта? Душманиашон кӯҳна, дар ягон аср қудою андагӣ накардаанд. Омадаомада ин рӯз аҳли оилаи онҳо ин таомулро вайрон кунад? Аз деҳа ронда, кӯҳрии паси маърака мешаванд. Об намеёбанд, ки рӯй шӯянд. Ин деҳаҳо аз омадшуди дунё носозанд»
Болооб дар майдони васеи таги кӯҳ ҷойгир, сабзаю себаргазор, дарахтзор. Аз миёни ҳар ҳавлӣ ҷӯйчаҳои оби софу широсо ҷорӣ. Чашмаю шаршараҳо беҳисоб, оби онҳо аз танаи
кӯҳ шорида ба деҳа меояд. Ҳама соҳиби ҳавлиҳои калон,
майдонҳои кишт, токзорони серҳосил, ҳамааш аз туфайли оби фаровон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё